Консерти академии лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
26-уми декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти академии лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки Муаттар Маликова, Гулнора Низомова ва Фирӯза Қосимова баргузор гардид.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳидоят ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев (3-юми декабри соли 2025) баргузор шуда, идомаи сиёсати давлатии дастгирии санъат ва истеъдодҳои ҷавон ба шумор меравад.
Дар консерт намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев ва ҳаводорони мусиқии академӣ иштирок намуданд.
Барномаи консерт осори композиторони классики ҷаҳонӣ ва муаллифони тоҷикро фаро гирифта, бо иҷрои асарҳои Абдураҳмон Тошматзода, Морис Равел, Феликс Менделсон, Сергей Рахманинов, Арам Хачатурян, Сангалӣ Ҳомидзода ва Ҷӯрабек Умаров ба шунавандагон пешниҳод гардид. Иҷрои Фирӯза Қосимова бо Оркестри давлатии симфонӣ таҳти роҳбарии дирижёр Далер Тиллоев ва баромадҳои якканавозии Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова сатҳи баланди маҳорати касбиро нишон дод.
Консерт ҳамчун рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ дар муаррифии мактаби мусиқии тоҷик, ҳамгироии анъана ва навоварӣ ва тарбияи завқи эстетикии ҷомеа арзёбӣ гардид.
Гузориши Lutfullo Sharifzoda

