«Эмомалӣ Раҳмон: Абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих ва ҳувиятсози миллат»
Имрӯз, 12 августи соли 2026, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат” баргузор гардид.
Таҳлили илмӣ ва арзёбии нақши калидии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллию шаҳрвандӣ мебошад.
Дар кори конфронс ҳамчунин сафирон ва намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, ба ин ҳамоиши байналмилалӣ нуфузи хоса бахшиданд.
Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки дар кори ин конференсияи муҳимми илмӣ ректор, намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов низ тибқи рӯйхати тасдиқгардида иштирок доранд.
Конфренсияи мазкур қадами муҳимме дар ҷодаи таҳкими муҳокимаҳои академӣ ва табодули андешаҳои илмӣ оид ба таърихи навини Тоҷикистони азиз мебошад.
