Барномаи консертӣ бахшида ба бузургдошти Борбади Марвазӣ баргузор гардид
Шоми 27 ноябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳошияи конференсияи байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Борбади Марвазӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид. Чорабинии фарҳангӣ идомаи мантиқии ҳамоиши байналмилалии илмӣ буда, ба арҷгузорӣ ба мақоми таърихию фарҳангии Борбади Марвазӣ ва муаррифии мероси ғании мусиқии классикӣ ва анъанавии Шарқ бахшида шуд.
Дар барномаи консертӣ намунаҳои баргузидаи мусиқии суннатӣ ва асарҳои дорои арзиши баланди бадеӣ пешниҳод гардида, ҳунармандону иҷрокунандагон бо маҳорати баланди касбӣ ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар барномаи консертӣ фаъолона иштирок намуда, бо иҷрои асарҳои мусиқӣ дар ғановат ва муҳтавои бадеии чорабинӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Баргузории чунин барномаи фарҳангӣ барои эҳёи суннатҳои мусиқии миллӣ, гиромидошти номи Борбади Марвазӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи мусиқии Шарқ, тарғиби арзишҳои мусиқии суннатӣ ва муаррифии ҳунари иҷрокунандагии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
