Ифтитоҳи Фестивал-Симпозиуми байналмилалии Шашмақом
11 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шашмақом Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Дурнамои рушдии мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».