
Кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ аз соли таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (2003 сол) то инҷониб фаъолият карда истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки кафедра тибқи қарори раёсати Институти давлатии санъати Тоҷикистон (ҳозир Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода) аз соли 1973 дар заминаи факултети мусиқии Донишкадаи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (аз соли 2007 ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис ёфтааст.
Аз ибтидо кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ умумӣ-донишгоҳӣ аст, яъне фанҳои таълимии ин кафедра тахассусӣ буда, ба донишҷӯёни тамоми шуъбаҳои консерватория аз ҷониби омӯзгорони кафедра таълим дода мешавад. Вазифаи асосии кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ тарбияи на танҳо мусиқишиносон, инчунин кадрҳои касбии соҳаи мусиқӣ мебошад.
Фанҳои таълимии кафедра инҳоянд: шиносоӣ бо ихтисос, ихтисос (мусиқишиносӣ), назарияи мусиқӣ, солфеҷио, гармония, полифония, асосҳои мусиқии суннатии тоҷик, эҷодиёти мусиқии халқи тоҷик, таърихи мусиқии тоҷик, таърихи мусиқии муосири тоҷик, таърихи мусиқии хориҷӣ, таърихи мусиқии рус, таҳлили асарҳои мусиқӣ, методикаи таълими фанҳои тахассусӣ ва информатикаи мусиқӣ.
Нахустин мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дотсент Халилов Сурат Муҳаммадович (солҳои 2003-2007) буд. Ҳайати омӯзгорони кафедра дар соли таҳсили 2003-2004 аз чунин омӯзгорони ботаҷриба иборат буд: Азизӣ Ф.А., Халилов С.М., Назарова Л.А., Улмасов Ф.А., Раҳимов К.С. ва Соҳибова П.Т. Инчунин ёдовар шудан лозим аст, ки солҳои 2008-2009 мудири кафедра Ҳамдамова Назира, солҳои 2009-2014 Ғафурова Мақсуда Қосимовна, солҳои 2014-2018 Раҳимов Кароматулло Самандарович, солҳои 2018-2020 Агапова Лариса Петровна, солҳои 2020-2021 Олимова Шаҳноза Ҷаҳонгировна буданд. Аз соли 2021 то ҳол вазифаи мудири кафедраро Орипова Умеда Нуриддиновна ба зимма дорад.
Ҳайати омӯзгорони кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ
(асосӣ ва ҳамкор) дар соли таҳсили 2025-2026 чунин аст:
Ҳамагӣ 12 нафар омӯзгор, аз он 8 нафар асосӣ (2 нафар дар рухсатии нигоҳубини кудак, 1 нафар рухсатии декретӣ) ва 4 нафар ҳамкор.
2 нафар доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор - Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода ва и.в. профессор Низамов Аслиддин; 1 нафар номзади илмҳои санъатшиносӣ – дотсент Назарова Лариса Александровна; 1 нафар профессор - Яҳёев Қудратулло Султонович; 6 нафар омӯзгори калон - Орипова Умеда Нуридиновна, Соҳибзода Парвин, Олимова Шаҳноза Ҷаҳонгировна, Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло, Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол ва Мародасейнов Пайрав; 5 нафар омӯзгор - Олимӣ Фархундаи Ашуралӣ, Қурбонова Азиза Аюбовна, Раҳмонова Гулбону Асадуллоевна, Мизробова Нигина Наимовна ва Солеҳзода Диана Владимировна.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ чунин шахсиятҳои барҷаста, ба монанди доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода кор ва фаъолият карда истодааст. Фароғат Абдуқаҳҳорзода на танҳо дар тарбияи мусиқишиносон дар зинаҳои гуногун - бакалавр, магистр ва докторант, инчунин бо навиштани монографияҳо ва китобҳои дарсӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Азизӣ Ф.А. ҳамчунин сармуҳаррири маҷаллаи илмии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов “Мутриб” мебошад.
Аз соли таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гаштааст, ба монанди ташкил ва баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ, иштирок дар конференсияҳои байналмиллалӣ, навиштани монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон. Ҳоло тайёр намудани мусиқишиносонро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода ва доктори илмҳои санъатшиносӣ, и.в.профессор Низамов Аслиддин ба ӯҳда доранд. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки барои рисолаҳои илмӣ мусиқишиносон мавзӯҳоеро интихоб мекунанд, ки то ҳол таҳлил ва таҳқиқ нашудаанд.
Ҳама хатмкардагони шуъбаи мусиқишиносӣ дар мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, Донишкадаи санъат ва Консерватория кор ва фаъолият карда истодаанд.
Дастовардҳои кафедра:
1. Соли 2004 бахшида ба ҳаёт ва факъолияти Фазлиддин Шаҳобов дар Толори хурди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Муаллиф ва роҳбари ин конфронс Азизӣ Ф.А. буд.
2. Соли 2007 тадқиқоти профессор Азизӣ Ф.А. дар ҷодаи рисолаи нодири Шашмақом - “Баёзи Шашмақом”-и Фазлиддин Шаҳобов дар сатҳи байналмиллалӣ ҳамчун навоварии илмӣ пазируфта шуд ва мусиқишиноси тоҷик ба унвони Доктор ва Лауреати Академияи илмии байналмиллалӣ Antique Word сазовор дониста шуд. Дар ин иртибот ба Азизӣ Ф.А. ҷоизаи дуюми байналмиллалӣ - Ҷоизаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ - ЕСО Awards супорида шуд.
3. Соли 2009 Азизӣ Ф.А. рисолаи худро бомуваффақият дар Россия дифоъ намуд.
4. Соли 2009 Азизӣ Ф.А. ғолиби озмуни “Олими пурмаҳсултарини сол” гашт.
5. Научно-исследовательсая студенческая конференция посвящённая 200-летию Ференца Листа (2009г.) - омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра бо маърузаҳо иштирок намуданд;
6. Соли 2009 китоби Азизӣ Ф.А. “Маком и Фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчества таджиков” чоп шуд.
7. Соли 2011 китоби “Фазлиддин Шаҳобов. Осор ва пажӯҳиш.” Дар се ҷилд. Таҳиягар ва муаллифи тавзеҳоти илмӣ Азизӣ Ф.А. чоп шуд.
8. Мақолаи дотсенти кафедра Назарова Л.А. «Композиция - это интуиция» дар журнали «Памир» №9-10 ба чоп расид.
9. Соли 2019 3 мақолаи профессори кафедра Азизӣ Ф.А. дар маҷаллаҳои КОА-и ФР чоп шуд.
10. Моҳи майи соли 2020 мақолаи дотсенти кафедра Назарова Л.А. «Искусство - симфонический объект, место встречи» дар сомонаи Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов чоп шуд.
11. Профессори кафедра Азизӣ Ф.А. 14 декабри соли 2020 дар онлайн конференсияи байналмиллалии илмӣ- амалӣ бахшида ба 95-солагии Арбоби хизматнишондодаи илми Ӯзбекистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Файзулло Музаффарович Кароматли (Кароматов) дар мавзӯи «Файзулло Кароматли ва проблемаҳои этномусиқишиносии муосир» (Тошканд, Ӯзбекистон) бо маърӯзаи «Самтҳои асосии фаъолияти профессор Ф.М.Кароматов ва аҳамияти он ба шарқшиносии мусиқии советӣ» баромад кард.
12. Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Истиқлол ва рушди санъати мусиқии тоҷик: воқеият ва дурнамои консерватория”, ки 1-2 майи соли 2023 омӯзгорон, бакалаврон, магистрантон ва докторантони шуъбаи мусиқишиносӣ бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.
29. Дар шумораи якуми маҷаллаи илмии “Мутриб”-и Консерватория маърӯзаҳои д.и.с., профессор Азизӣ Ф.А. “Рушди жанри рисолаи мусиқӣ зимни мақомоти тоҷик”, докторанти соли 2 Убайдзода Б.А. “Жанри “силсилаи бузург”-и полифонӣ дар мусиқии композиторӣ: таърих ва талқин” ва “Дарсҳои маҳоратии пианинонавози машҳур Франсуа Шаплен”(роҳбари илмӣ д.и.с., профессор Азизӣ Ф.А.) ва тақризҳои докторанти соли 2 Абдуллозода Э.А. “Наврӯзи Консерватория” (роҳбари илмӣ д.и.с., профессор Азизӣ Ф.А.), магистри курси 2 Олимӣ Ф.А. “Озмуни «Иҷрокунандаи беҳтарин»” (роҳбари илмӣ д.и.с., профессор Азизӣ Ф.А.) ба нашр расид.
13. Маърӯзаи унвонҷӯи кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Давлатзода Баҳодур Давлат “Таджикский дутор: этимология, генезис, эргономика” дар нашрияи илмию таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг” (№4 (60), 2022) чоп шуд.
14. 26 майи соли 2023 унвонҷӯи кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Давлатзода Баҳодур Давлат барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми санъатшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 17.00.02 - Санъати мусиқӣ диссертатсияи номзадии худро таҳти унвони “Таджикские щипковые хордофоны в системе национального ансамблево-оркестрового музицирования: этноорганологическое исследование” ҳимоя намуд.
Мудири кафедра Орипова Умеда Нуриддиновна

Солҳои 2006-2012 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ихтисоси мусиқишиносӣ таҳсил намудааст.
Аз моҳи январи соли 2021 то ҳол ба ҳайси мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ фаъолият мекунад.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумот барои тамос:
Телефон: 100-066-456
Email: umeda.oripova@gmail.com
Ҷурахонова Мижгона Ғайратшоҳовна Лаборанти кафедра
Солҳои 2020-2025 дар Донишгоҳи славянии Русия – Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Аз сентябри соли 2025 то ҳол ба ҳайси лаборанти кафедра фаъолият мекунад.
Маълумот барои тамос:
Телефон: 930-080-726
