Баргузрии ҷамъомад ва консерт бахшида ба рӯзи ваҳдати миллӣ

Posted Tue, 06/28/2022 - 12:37
By admin
Достизода Миралӣ

Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,
Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

Имрӯз дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад баргузор гардид. Сараввал ректори консерватория Достизода Миралӣ суханро оғоз бахшида, кулли ҳайати устодону кормандонро бо ин ҷашни фархунда ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик табрик намуда, қайд карданд, ки созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар ҳама соҳаҳо ҳадя овард. Баъд аз ин, устоди кафедраи ҷомеашиносӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Латифзода Диловар аз таърихи ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суҳбати пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои сайёра мавриди омӯзиш ва корбаст қарор гирифтааст. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
Пас аз ин бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти идона баргузор гардид.

Теги