Марҳабо ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Sat, 08/30/2025 - 18:01
By admin
Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷиҳати рушду тарғиби санъати мусиқии касбӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон, ҷалби наврасону ҷавонон, инчунин хоҳишмандони сину соли гуногун ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии созҳои мусиқӣ (халқӣ, оркестрӣ ва эстрадӣ) ва санъати сарояндагӣ (анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ) эълон менамояд.

Дарсҳо аз ҷониби устодони соҳибтахассус ва сарояндагону навозандагони касбӣ, ки дар Консерваторияи миллӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият доранд, гузаронида мешаванд.

Самтҳои омӯзиш:

Навозиши созҳои миллӣ, классикӣ ва эстрадӣ;

Омӯзиши сарояндагӣ (овозхони анъанавӣ, академӣ ва равияҳои муосири мусиқии эстрадӣ).

Ҷойи баргузорӣ: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ш. Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода-155.

Муҳлат ва ҷадвали дарсҳо: мувофиқи барномаи курс (бо мувофиқа).

Маълумот ва номнавис:
+992 227-07-12
+992 911-10-06-99

Бо мо ҳамроҳ шавед ва қадаме устувор ба сӯйи олами мусиқӣ гузоред!