Навои Наврӯз дар боғи фарҳангӣ
Бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, имрӯз донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ - Боғи устод Айнӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ донишҷӯён бо иҷрои асарҳои мусиқии классикӣ ва халқӣ, сурудҳои наврӯзӣ ва оҳангҳои дилнишин фазои идонаро боз ҳам гарму хотирмон гардониданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ва болидаруҳии сокинону меҳмонони пойтахт буд.
Чорабинӣ дар фазои зебои табиати Душанбе баргузор гардида, бори дигар аз эҳтироми мардуми тоҷик ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги ғании худ шаҳодат дод.
Наврӯз муборак!
