Таронаи ҳамдилӣ

Posted Sat, 06/22/2024 - 12:50
By admin

Санаи 20-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саҳанаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти яккаи и. в. дотсенти кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ Исматулло Холиқов таҳти унвони "Таронаи ҳамдилӣ" доир гардид.

Дар консерт намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунармандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерватория ҳузур доштанд. Барномаи консертиро муовини аввали Вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода бо сухани табрикӣ ҳусни оғоз бахшид.

Сурудҳои рангин ва дилнишини Исматулло Холиқов табъи ҳозиринро ниҳоят шод гардонид.