ТАЪЗИЯ: Хол Давлатманд- устоди фарҳанг ва санъати тоҷик
Профессорон, омӯзгорон, кормандон ва муҳассилини Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов нисбат ба даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва чандин ҷоизаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии дигар, Хол Давлатманд изҳори таслият намуда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон ҳамдардӣ менамоянд.
Ҳунари нотакрор ва овози марғуладори ӯ, махсусан дар жанри мусиқии суннатии тоҷик- “Фалак”, ки дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гардидааст, дар байни мухлисон, шогирдон ва ҳаводорони санъати мусиқии касбии тоҷик абадӣ зинда хоҳад монд.
Руҳатон шоду хонаи охирататон обод бод!