Консерти ҷашнӣ бахшида бахшида ба Рӯзи Модар
6-уми марти соли равон дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯён ва бонувон бахшида ба «Рӯзи модар» консерти ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Достизода Миралӣ занонону бонувони ин боргоҳи илму маърифатро табрик намуда, иброз дошт, ки дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шуда, зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманд будани бонувони тоҷик ба таври барҷаста дар таърихномаҳо тасвир ёфтааст.
Имрӯз низ, хизматҳои занон дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Ба итиллои Достизода Миралӣ маҳз меҳри беандоза ва ғамхорӣ нисбат ба модар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёму мулоқотҳояшон бо аҳли зиё ва фаъолони мамлакат саҳми занонро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки соҳиби саводу маърифат ва соҳибилму донишманд будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа мегардад.
Сипас, дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши тарбия ва эҷоди Консерваторияи миллӣ омӯзгорону донишҷӯён барномаи консертиеро бахшида ба «Рӯзи модар» манзури ҳозирин намуданд, ки хотирмону ҷолиб сурат гирифт.