Созишномаи ҳамкорӣ бо Консерваторияи миллии Озарбойҷон

Posted Tue, 05/20/2025 - 20:21
By admin
Созишномаи ҳамкорӣ

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (20.05.2025) ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ректори Консерваторияи миллии Озарбойҷон, доктори илмҳои санъатшиносӣ Камила Дадашзаде ва директори Филармонияи давлатии ба номи Ф. Амирови шаҳри Ганҷа Айгюн Самедзаде ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ташкили фестивалҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалӣ, консертҳои муштарак, дарсҳои маҳорат, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён баррасӣ гардиданд.

Зимни вохӯрӣ миёни роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Умед аст, ки санади мазкур ҳамкориҳои дуҷонибаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Озарбойҷонро таъмин намуда, баҳри рушди мавзуъҳои дар созишнома ба имзорасида, мусоидат менамояд.