Иштироки ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ

Posted Mon, 06/23/2025 - 22:47
By admin

Рӯзҳои 20-21 июни соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дувумин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муосири эҷодиёти мақом» баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиши бонуфуз, ки бо ташаббуси Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ташкил гардид, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мусиқӣ, сарояндагону навозандагон, инчунин пажӯҳишгарони соҳаи мусиқии суннатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Кувайт, Қатар ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Бо даъвати расмӣ Давлатзода Баҳодур Давлат, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ҳамчун меҳмони фахрӣ дар кори конференсия иштирок намуда, дар ҷаласаи пленарӣ бо суханронии пурмуҳтавои худ баромад карданд.

Дар доираи конференсия мубодилаи афкор, муаррифии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва барномаҳои консертии иштирокчиён сурат гирифта, роҳҳои ҳамкории минбаъда миёни муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқии кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштироки фаъоли намояндаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиши бонуфуз, аз ҷумла суханронии пурмуҳтавои номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат мавриди истиқболи гарми иштирокдорон қарор гирифт ва умед аст, ки ин суханронӣ барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангии кишварҳо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ҳамзамон, аз ҷониби номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ба донишҷӯёни кафедраи созҳои суннатии Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ дарси маҳорат гузаронида шуд.