
Кафедраи фортепианои тахассусӣ аз соли 2013 ҳамчун кафедраи мустақил амал мекунад ва аввалин мудири он Обидова Н.Ҷ. буд. Аз моҳи июни соли 2018 то сентябри соли 2022 хатмкардаи Консерватория Убайдзода Б.А. ба ҳайси мудири кафедра фаъолият кардааст. Аз сентябри соли 2022 то имрӯз вазифаи мудирии кафедраи фортепианои тахассусиро Сайфиддинов Б.Ҷ. ба зимма дорад.
Дар тӯли давраи тӯлонии мавҷудияти кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯени кафедра дар шумораи зиеди консертҳо ва чорабиниҳо, озмунҳо ва фестивалҳо иштирок карданд. Масалан, дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Париж, Боку, Алма-ато, ҳамчунин дар фестивалҳои байналмилалии Баҳористон”, "Фалак" ва ғайра.

Намояндагони кафедра пайваста дар Тоҷикистон ва хориҷа дар чорабиниҳои сатҳи гуногун бо консертҳо баромад мекунанд, ҳамчунин дар ҳайати кории ҳакамони озмунҳо шомил мешаванд. Унвонҳои баланди лауреатӣ ва пирӯзӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сатҳи баланди касбии донишҷӯени кафедра ва омӯзгорони онҳоро тасдиқ мекунанд. Дар даҳсолаи охир фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмии омӯзгорони кафедра фаъол шуд. Инро дастурҳои таълимӣ, методӣ, ва маҷмӯаю мақолаҳои илмӣ тасдиқ мекунанд, аз ҷумла, Хрестоматия ва мақолаҳои Олимова Х.Н., мақолаҳои Ҳакимова Д. ва тарҷумаи кори Артоболевская "Мулоқоти аввал бо мусиқӣ", мақолаҳои илмии Сайфиддинов Б. ва ғайраҳо.
Имрӯзҳо кафедраи фортепианои махсус як ҳайати баландихтисосе мебошад, ки қодир аст бо замон ҳамқадам бошад, вазифаҳои пешрафтаи таҳсилоти муосири мусиқиро амалӣ намояд, баҳри баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии донишҷӯен муҳити мусоид эҷод кунад. Омӯзгорони кафедра кӯшиш мекунанд, ки шогирдони соҳибкасб, босалоҳият, саводноку дорои малакаҳои амалии навозиши фортепиано, ҷаҳонбинии васеи иҷрокунандагиро ба камол расонанд.
Аз замони таъсисёбии Консерватория кафедраи фортепианои тахассусӣ як қатор мутахассисони варзидаеро тарбия намуд, ки айни ҳол дар дохил ва хориҷи кишвар ба фаъолияти касбӣ машғуланд. Аз ҷумла: Орипов С., Убайдзода Б.А., Иброҳимзода М.Р., Ҳасанова Г.А., Гусакова М. Баҳромзода А., Гарибян Лусинэ, Набиев Б., Сайфиддинов Б.Ҷ., Саодатова П.Ю., Сангинова Р.Р., Ҳалимова З., Убайдуллоева Д.С., Маниязова Б., Мороз Анна, Қодирова К.Б., Баҳодурова Н., Вайдуллоев М. (Исфара), Саидова З. (Кулоб), Арифова Фотима (Регар), Яҳёева Фарангиз (Худжанд). Берун аз ҷумҳурӣ: Фозилова Азиза, Гулмирзоева Ҷонона (Москва), Гафурова Манижа (Самара), Белинская Наталья (Магнитогорск), Собирова Зарина (Париж), Ходжар Насирова (Польша) ва Тян Светлана (Корея).
Мудири кафедра Сайфиддинов Беҳрӯз Ҷамолиддинович

Солҳои 2021-2023 дар шуъбаи магистратураи Консерваторияи миллӣ таҳсил намудааст.
Аз сентябри соли 2022 то ҳол ба ҳайси мудири кафедраи фортепианои тахассусӣ фаъолият дорад.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (ноябри соли 2021) аз рӯйи номинатсияи «Композиция» сазовори ҷойи II гардид.
Моҳи ноябри соли 2022 дар озмуни байналмилалии «Бозиҳои Делфӣ» аз рӯйи номинатсияи «Фортепиано» сазовори ҷойи III ва медали биринҷӣ шуд.
Маълумот барои тамос:
Тел: (+992) 987273051
Email:
