Кафедраи мазкур соли 1979 бо номи кафедраи мусиқии Шарқ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфта буд. Баъди кушода шудани Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар соли 2003 кафедраи мазкур ба ин муассиса гузаронида, номи он аз кафедраи мусиқии Шарқ ба кафедраи сарояндагии анъанавӣ иваз карда шуд.
Кафедраи сарояндагии анъанавӣ дар омодасозии мутахассисони дорои ихтисоси баланд дар соҳаи сарояндагӣ-навозандагӣ, яккахонӣ, ансамбл ва омӯзгори мусиқии суннатӣ (Шашмқом ва Фалак) аз аввали таъсисёбии Консерватория то ба имрӯз саҳми назаррас дорад. Хатмкунандагони кафедра бо талабу дархости ансамблҳои давлатӣ ва коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқӣ ба ҷойи кори доимӣ равон карда мешаванд.
Устодоне, ки аз давраи ташкилёбии Консерватория то ба имрӯз мудири кафедраи сарояндагии анъанавиро бар дӯш доштанд:
- Алмос Абдуллоев, Арбоби ҳунари Тољикистон, солҳои 2003-2008;
- Каримзода Саъдулло, дотсент, солҳои 2008-2014;
- Иброҳимзода Хуршед, и.в. дотсент, солҳои 2014-2022;
- Ҳайдаров Зоиршо Шокирович, аз моҳи сентябри соли 2022 то ҳол.
Аз давраи таъсисёбӣ шахсиятҳои маъруфи санъати мардумии тоҷик, аз қабили Алмос Абдуллоев, Музаффар Муҳидинов, Мурод Муродалиев, Абдуҷалил Ҳошимов, Файзалӣ Ҳасан, Мастона Эргашева, Исмоил Назриев, Давлатманд Хол, Саидқул Билолов, Шарифзода Муҳаррама, Темуриён Умар, Каримзода Саъдулло, Иброҳимзода Хуршед, Исмоилов Абдурасул, Бурҳонов Манучеҳр, Ҳайдаров Зоиршо, Фаридуни Ҳотам, Насиба Амонбоева, Муқимова Муътабар, Расулов Далер, Лутфишоев Қ., Алиев М., Файзуллоев Ф., Фурқат Саид ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардаанд ва имрӯз низ кору фаъолият доранд.
Нафароне, ки ин кафедраро хатм намуда, имрӯз дар ҷомеа мавқеи хосса пайдо карданд:
- Исмоилов Абдурасул – ноиби ректор оид ба корҳои тарбия дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон.
- Бурҳонов Манучеҳр – декани факултети мусиқии саннатии тоҷик
- Фаридуни Ҳотам – мувини декани факултети мусиқии саннатии тоҷик
- Ҳайдаров Зоиршо – мудири кафедраи сарояндагии анъанавӣ.
- Каримзода Саъдулло – дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ
- Фирдавс Ҳошимов – дорандаи медали Хизмати шоиста.
- Ситораи Кароматулло – ҳунарманди ансамбли “Шашмақом”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Фотима Машрапова – ҳунарманди ансамбли “Фалак”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Муслима Қодирова – ҳунарманд.
- Далери Исматулло – ҳунарманд ансамбли “Шашмақом”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Маҳмадзода Мавзуна – ҳунарманд.
- Комрони Ҳошим - ҳунарманди ансамбли “Фалак”- назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Усмоналии Ҳайдар – ҳунарманди ансамбли назди кумитаи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кафедраи сарояндагии анъанавӣ кӯшиш менамояд, ки дар оянда низ бо истифода аз имконоти худ устодону омӯзгорони ботаҷриба ва ҳунармандони асили ҷумҳуриро ба кору фаъолият дар кафедра ҷалб намуда, дар тарбияи насли ҷавони овозхонони санъати асили мардуми тоҷик, аз қабили “Шашмақом” ва “Фалак” саҳми худро гузорад.
Мудири кафедра Ҳайдаров Зоиршо Шокирович
Солҳои 2007-2012 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсил намудааст.
Соли 2011 барандаи ҷойи якум дар номинатсияи «Иҷрокунандаи беҳтарин» дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман».
Аз соли 2021 то ба имрӯз ба ҳайси мудири кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллӣ фаъолият дорад.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
