Баргузории дарси маҳорат бо иштироки олими номдор Николай Шербина дар Консерваторияи миллии

Posted Fri, 02/10/2026 - 13:32
By admin
Николай Шербина

Имрӯз, 2-юми октябри соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дарси маҳорати устоди шинохта, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессори Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-Петербург Шербина Николай Филиппович баргузор гардид.

Дарси маҳорати мазкур ба мавзӯи муҳимми «Маҳорати актёрӣ» бахшида шуда, дар он ҳайати устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ иштирок намуданд. Шербина Николай Филиппович таҷрибаи чандинсолаи илмию эҷодии худро бо ҷавонон мубодила карда, оид ба нозукиҳои санъати саҳнавӣ ва роҳҳои такмили маҳорати иҷрокунандагӣ ибрози назар намуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ тавассути суҳбати озод ба саволҳои муҳимми соҳа ҷавоб гирифта, аз мактаби эҷодии ин мутахассиси варзида баҳраманд шуданд.

Дар фарҷоми чорабинии омӯзишӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат суханронӣ намуда, Николай Филиппович Шербина-ро барои саҳми арзишманд дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси маҳорат сипосгузорӣ намуда, меҳмони арҷмандро бо Сертификат қадрдонӣ намуданд.

Ташкилу роҳандозии ин гуна ҳамоишҳои байналмилалӣ дар таҳкими донишҳои касбии ҷавонон, бой гардонидани ҷаҳони маънавию эҷодии онҳо ва густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ нақши калидӣ дорад.