Каримов Муҳаммадҷон Туйдиевич

Мудири шуъбаи корҳои тарбиявӣ
Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси Ҳуқуқшинос хатм намудаааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
2020–2021 -Корманди шуъбаи фосилавӣ ва такмили тахассусии кормандони
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
2022–2023 - Ҳуқуқшинос-маслиҳатчии Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
2023–2024 - Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2024–2025 - Ҳуқуқшинос маслиҳатчии Раёсати кадрҳо ва корҳо махсуси
Консерваторияи миллӣ
2025-2026 - Мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 01.09.2026 то ҳол - мудири шуъбаи корҳои тарбиявии Консерваторияи миллии Товикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС:
106-46-98-98
Шуъбаи корҳои тарбияивӣ
Шуъбаи корҳои тарбиявӣ ҳамчун сохтори таркибии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба шумор рафта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи милиӣ тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Консерватория ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф фаолият доштаро ба роҳ мондааст. Дар фаъолияти кори худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Консерваторияро амалӣ менамояд.
Шуъбаи тарбия дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба тарбия қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои фаъолияти шуъба ва самтҳои шуъба, муовинони декан, Шурои кураторон, дарсҳои кураторӣ, донишҷӯён инчунин мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо, факултетҳо, хобгоҳ ва дигар сохторҳои дахлдори Консерватория амалӣ менамояд.
Ҳадафҳои асосии Шуъбаи тарбия роҳандозӣ намудани ҷавонон дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ, ноил шудан ба дастовардҳои нав дар соҳаи санъат ва фарҳанг, ҳал ва мусоидат намудан ба масъалаҳои вобаста ба корҳои тарбиявӣ, омода кардани кадрҳои бомаҳорат суханвару донишманд, ташкил намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои фарҳангӣ сиёси ва тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.
Дар сохтори шуъбаи тарбияи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов зерсохторҳои зерин фаъолият намуда истодаанд:
Самти кор бо ҷавонон;
Самти кор бо занон;
Самти кураторон;
Ҳадаф ва вазифаҳои шуъбаи корҳои тарбияивии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов:
- назорати ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти тарбияро дар сохторҳои Консерватория;
- фармоишҳои ректори Консерватория, қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати Консерваторияро оид ба самарабахшии корҳои тарбиявӣ дар байни устодон, кормандон, донишҷўён ва магистрантон амалӣ менамояд;
- рафти иҷрои қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати Консерваторияро, ки ба масъалаи тарбия алоқамандӣ дорад, дар тамоми сохтору зерсохторҳоиКонсерватория назорат менамояд;
- фаъолиятисамти корбоҷавонон, Шурои кураторон, самти кор ба занон ва созмони донишҷӯён ҳамчунин самара бахшии фаъолияти онҳоро дар пешрафти корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд;
- фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо, факултетҳо ва хобгоҳ зери назорати қатъӣ қарор медиҳад;
- барои баланд бардоштан ва такмили раванди корҳои тарбиявӣ ва самарабахшии онҳо мусоидат менамояд;
- иҷрои сари вақтии нақшаи корҳои тарбиявии зерсохторҳои қисми тарбия, факултетҳо ва кафедраҳои Консерваторияро зери назорати доимӣ қарор медиҳад.
- ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ дар Консерватория бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва ташаккул додани ҳисси худшиносию ифтихори миллии онҳо дар ҳамоҳангӣ бо зерсохторҳои худ мусоидат менамояд;
- шуъба бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷӯёни Консерватория ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Консерватория зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад;
- лоиҳаҳои фармоишҳои ректор, қарорҳои раёсат ва Шурои олимон, ки ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, омода менамояд;
- бо муовинони деканҳо мунтазам машваратҳои корӣ баргузор намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ба вуҷуд омада чораҳои зарурӣ меандешад;
- фаъолияти кори муовинони деканҳи факултетщоро таҳти назорат қарор медиҳад;
- аз натиҷаи баргузории соатҳои тарбиявӣ мунтаззам аз кураторони гурўҳҳои академӣ ҳисобот талаб намуда, муҳтавои онро дар шакли маълумот ба муовини ректор оид ба тарбия пешниҳод менамояд;
- ба ҳуҷҷатҳои воридшаванда, ки ба фаъолияти корҳои тарбиявӣ алоқамандӣ доранд, мактуби ҷавобӣ омода менамояд;
- тарғиби фаъолияти Консерваторияро тавассути ВАО ва дигар воситаҳо ба роҳ мемонад;
- ба раёсати Консерватория таклифу пешниҳодҳоро ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои ҳалталаби ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд, пешниҳод менамояд;
- ба Шурои олимони Консерватория барномаҳои дурнамои корҳои тарбиявиро пешниҳод мекунад;
- ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурўҳҳои академӣ омўзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад.
- иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўён ва магистрантонро назорат менамояд;
- риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»-ро таъмин менамояд;
- баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷўён чораҳои зарурӣ меандешад.
