Иштироки устодони Консерваторияи миллӣ дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ
Рӯзҳои 27–28 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар мусиқии анъанавии Шарқ» баргузор мегардад.
Дар кори конференсия устодону муҳаққиқони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо маърузаҳои илмӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Борбади Марвазӣ, мақому ҷойгоҳи ӯ дар таърихи фарҳанги мусиқии Шарқ, нақши осори ӯ дар ташаккули анъанаҳои мусиқии тоҷик ва аҳаммияти омӯзишу эҳёи мероси мусиқии ин абармарди фарҳангро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Иштироки устодони Консерватория дар ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ барои густариши таҳқиқоти мусиқишиносӣ, муаррифии мероси ғании мусиқии тоҷик ва таҳкими робитаҳои илмӣ бо муҳаққиқону муассисаҳои илмии дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
