Баргузории бахши маърузаҳои илмии донишҷӯён дар ҳошияи конференсияи байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Борбади Марвазӣ

Posted Sat, 28/11/2026 - 19:33
By admin
Борбади Марвазӣ

Дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар мусиқии анъанавии Шарқ» бахши маърузаҳои илмии донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.

Дар оғози бахш муовини ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов оид ба илм номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Лутфулло Абдулло ва номзади илмҳои фалсафа, профессори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Сафаров Сайфулло суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти омӯзиши таърихи мусиқии қадими тоҷик, нақши Борбади Марвазӣ дар ташаккули фарҳанги мусиқии Шарқ ва зарурати таҳқиқи илмии мероси мусиқии давраҳои таърихӣ андешаронӣ карданд.

Сипас, иштирокчиён бо маърузаҳои илмӣ дар мавзуъҳои гуногуни таърихи фарҳанг ва санъати мусиқии давраи Сосониён маъруза намуданд. Аз ҷумла, Иброҳимзода Сарвиноз дар мавзуи «Нақш ва ҷойгоҳи созҳои мусиқӣ дар фарҳанги Сосониён», Ҳолматова Гулнозахон дар мавзуи «Положение женщин-музыкантов в период расцвета музыкальной культуры Сасанидов», Усмонова Мадина дар мавзуи «Музыкальное искусство как часть дворцовых традиций Сасанидов», Амиршоева Самира дар мавзуи «Музыкальные традиции эпохи Сасанидов» ва Алихонова Меҳрона дар мавзуи «Музыкальные инструменты эпохи Сасанидов» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, Хайриддинов Сиёвуш дар мавзуи «Борбади Марвазӣ ва санъати яккахонӣ дар мусиқии қадим» ва Муъминова Сумая дар мавзуи «Даврони салтанати Хусрави Парвизи II — асри тиллоии шукуфоии санъати мусиқӣ» маъруза карда, ҷанбаҳои гуногуни рушди санъати мусиқӣ, анъанаҳои дарборӣ ва мақоми Борбади Марвазиро дар фарҳанги мусиқии замони Сосониён мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар бахш инчунин Беҳрӯз Чафарзода Юнусӣ, донишҷӯи соли охири Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, иштирок намуда, шеъри тозаэҷоди худро бахшида бахшида ба Борбади Марвазӣ қироат намуд. Дар идомаи кори конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия Назархудоев Назархудо низ шеъри тозаэҷоди худро қироат намуд.

Маърузаҳои пешниҳодшуда фарогири масъалаҳои муҳимми таърихи фарҳанги мусиқии давраи Сосониён, нақши созҳои мусиқӣ, ҷойгоҳи занон дар ҳунари мусиқӣ, анъанаҳои дарборӣ ва саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди санъати мусиқии қадим буда, барои густариши донишҳои илмӣ ва таҳқиқоти минбаъда дар ин самт аҳаммияти муҳим доранд.

Бахши мазкур дар фазои илмӣ ва мубодилаи афкори созанда баргузор гардида, барои таҳкими таваҷҷуҳи муҳаққиқону донишҷӯён ба омӯзиш ва ҳифзи мероси ғании мусиқии ниёгон заминаи мусоид фароҳам овард.