Факултети фосилавӣ, такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ

Факултети фосилавӣ

Факултети фосилавӣ, такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ мутобиқи фармоиши ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа  Сатторов 2 январи соли 2026 ва қарори шурои олимони муассиса таъсис ёфт. Бо фармоиши мазкур шуъбаи фосилавӣ ба факултети фосилавӣ, такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ табдил дода шуд.

Фаъолияти факултет тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва фарҳанг, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Оинномаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Низомномаи факултет ба роҳ монда шудааст.

Моҳи  декабри  соли 2018 байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон  ба номи Талабхӯҷа Сатторов  ва Донишкадаи  такмили ихтисоси омӯзгорони  муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон  шартномаи ҳамкорӣ барои аз курси такмили ихтисос  гузаштани  омӯзгорон ба имзо расонида шуд.

Шуъбаи такмили ихтисос бо нақшаҳои таълимӣ барои ҳамаи ихтисосҳои  Консерватория,  журналҳои гурӯҳӣ  ва инфиродӣ,  инчунин  ҷадвалҳои дарсӣ  ва ҷадвалҳои имтиҳонӣ,  фармоишҳои ректор оид ба қабул ва хатми курси такмили ихтисос, барои гузаштан  аз такмили ихтисос ба шунавандагон аз ҳисоби профессорон  ва устодони варзидаи санъат ба ҳайси роҳбарони эҷодӣ аз фанҳои тахассусӣ  ва гурӯҳӣ  аз берун таъин карда мешаванд. Ҳамкории шуъба бо муассисаҳои илмӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси қарори  ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2025,№11/56 ва фармоиши директори Агентӣ аз 05.09.2025,№1/40, дар назди муассиса курси кӯтоҳмуддати омӯзишиӣ ташкил карда шуд. Дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша ва барномаи таълимии курсҳо барои муҳлатҳои 3,6 ва 10 моҳ тасдиқ шуд.

Таълим аз 01.11.2025 бо фарогирии 20 нафар шунаванда (6-духтар ва 14-писар) оғоз гардид. Аз ин  шумора 7-нафар аз рӯи ихтисоси сарояндагӣ ва 13-нафар аз рӯи ихтисоси навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аввалин шуда шаҳрванди Корея,Ҷисон Ли курси 3-моҳаро аз рӯи ихтисоси «фортепиано» бо муваффақият хатм намуда, соҳиби сертификат гардид. 19-нафар шунавандагони боқимонда таҳсилро идома дода, онро санаи 30.04.2026 ба итмом расониданд.

Декани факултети фосилавӣ, такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ
Ашуров Акрамҷон Бобоқулович

Ашуров Акрамҷон

Кор ва фаъолияти собиқа:

  • 2018-2021 Ҷонишини декани факултети санъати мусиќии эстрадї дар Консерваторияи миллии Точикистон ба номи Т. Сатторов  
  • Аз 01 июни 2019 то ҳол    Омӯзгори кафедраи сарояндаи эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • 2021-2022 Мудири кафедраи сарояндаи эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • Аз феврали соли 2022 то 2024 Ҷонишини декани факултети санъати мусиќии эстрадї дар Консерваторияи миллии Точикистон ба номи Т. Сатторов  
  • 02 сентябри соли 2024 Мудири шуъбаи фосилавӣ ва такмили тахассусии кормандони ҳамин муассиса

Маълумот барои тамос:
Телефон 2274165, 902205755


Муовини декан Шарифов Ҳусейн Одинамаҳмадович

Шарифов Ҳусейн

​​Солҳои 2001–2005 дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло аз рӯи ду ихтисос: «Навозандаи академӣ» ва «Овозхони анъанавӣ» хатм намуд.

​Солҳои 2005–2011 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (факултаи созҳои халқӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои ​2011–2013 дар зинаи аспирантура (ассистентура-коромӯзӣ)-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.

Фаъолияти корӣ

​Аз 2-юми январи соли 2026 то ҳол муовини декани факултаи фосилавӣ, такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишии Консерваторияи миллии Тоҷикистон.

Фаъолияти эҷодӣ ва таълифот

​Муаллифи чаҳор китоби таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ:

  • ​«Рози созҳо», соли  2024;
  • ​«Рози мутриб», соли 2025;
  • ​«Навои дил», соли  2026;
  • ​«Пайраҳаи эҷод», соли 2026.

Маълумот барои тамос:
Тел.: 785-775-577