Гузориши муфассал аз панҷумин Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба Фалак

Имрӯз, 15-уми октябри соли 2025 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва бо иштироки васеи муҳаққиқону фалакшиносон аз дохил ва хориҷи кишвар панҷумин Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба Фалак баргузор гардид. Симпозиум дар мавзуи «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» баргузор шуда, ҳадафи он таҳкими мавқеи Фалак ҳамчун падидаи нодири фарҳанги миллии тоҷикон дар заминаи соҳибистиқлолии давлатӣ ва эътирофи байналмилалӣ буд.
Мароcими расмии ифтитоҳ соати 10:00 бо модератории доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода оғоз гардид. Дар ин бахш:
1. Сухани ифтитоҳиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатториён Матлубахон Амонзода, ироа намуданд. Мавсуф дар сухани худ Фалакро ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавии тоҷикон арзёбӣ намуда, нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва фарҳангии тоҷиконро муҳим арзёбӣ намуд.
2. Гюлнара Манафова (Озарбойҷон) – доктори фалсафа оид ба санъатшиносӣ, зимни маърузаи худ таҳти унвони «Мугам и додекафония: пересечение двух культур в творчестве азербайджанских композиторов» ба муқоисаи байни Муғоми озарбойҷонӣ ва додекафонияи аврупоӣ дар эҷодиёти композиторони озарӣ пардохт. Г. Манафова дар Симпозиум ширкат дошт ва маърузаи ӯ мавриди истиқболи хос қарор гирифт.
3. Давлатзода Баҳодур Давлат – номзади илмҳои санъатшиносӣ, ректори Консерваторияи миллӣ бо маърузаи «Хусусиятҳои навозандагии ансамблӣ дар Бадахшон» ба таҷрибаи иҷроии анъанаҳои мусиқии вилоят ишора намуда, нуфузи хусусияти созҳои мусиқӣ дар навозандагии ансамблиро дар мисоли яке аз минтақаҳои зебои Тоҷикистон – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ намуд.
4. Латифзода Дилова Назришоҳ – доктори илмҳои педагогӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар мавзуи «Тарбияи фалакхон дар низоми таҳсилоти мусиқӣ (диди дурнамоӣ)» маъруза намуд. Профессор Латифзода дар маърӯзаи худ ба зарурати рушди равандҳои таълимӣ ва тарбиявии фалакхонҳо дар низоми таҳсилоти расмии мусиқии кишвар таъкид кард. Мавсуф бо истифода аз таҷрибаҳои таърихии устод-шогирд ва мушоҳидаҳои амалии худ, тавсияҳои мушаххасеро барои ҳар зинаи таҳсилоти мусиқӣ (мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои олии соҳаи мусиқӣ) пешниҳод намуд.
5. Худойбердиев Султоналӣ – номзади илмҳои санъатшиносӣ, префессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Масъалаҳои омӯзиши мақомҳои маҳаллии тоҷик» маъруза намуд. Профессор С. Худойбердиев баён дошт, ки бо вуҷуди таҳқиқоти фаровон дар мавриди Шашмақом ҳамчун жанри расмии мақом, ҳанӯз макомҳои маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд, камтар омӯхта шудаанд.
6.Каримзода Саъдулло Салим – дотсенти Консерваторияи миллӣ, бо маърузаи «Ташаккули жанр дар Фалак» ба таҳаввулоти сохтории ин жанри мусиқӣ пардохт ва намудҳои фалакро бо иҷроҳои амалӣ нишон дода, хусусиятҳои жанрро дар Фалак муаррифӣ намуд.
Идомаи Симпозиум:
Аз соати 13:00 Симпозиум дар ду бахш идома ёфт: Бахши Мусиқишиносӣ ва бахши санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ.
Дар бахши аввал 18 маъруза ироа гардид. Сазовори зикри хос аст, ки иштироки намояндагони кишварҳои хориҷист: Аз ҷумла: Шемшат Аннагылыджова – мудири кафедраи назарияи мусиқии Консерваториям миллии Туркманистон ба номи Мая Кулиева, Зулфия Джумагулиева – номзади илмҳои санъатшиносӣ тариқи онлайн маъруза намуданд. Муродова Зулфия Алиевна – номзади илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъати мусиқии Пажӯҳишгоҳи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, муҳаққиқону унвонҷӯён аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва Суғд ба симпозиуми байналмилалии Фалак ҷалб гардид. Аз ҷумла, Таваккал Ҳайдармамад Султонмамад – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи давладии Хорӯғ ба номи М. Назаршоев, Худойбердиев Султоналӣ – номзади илмҳои санъатшиносӣ, префессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Убайдуллоев Сайдулло – дотсент, унвонҷӯи кафедраи мусиқии суннатии тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва Сайдамириён Сорбон Давлат – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ширкат ва маъруза намуданд.
Дар идомаи Симпозиум Дона Баҳром дар мавзуи «Фалак – аввалин суруди осмонӣ», Таваккал Ҳайдармамад дар мавзуи «Фалак дар суннати мадҳиясароӣ (диди адабӣ)», Манучеҳр Бурҳонов дар мавзуи «Анъанаҳои асили фалакхонӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ», Аҳмадзода Зуҳриддин дар мавзуи «Шарҳи силсилаи «Нуботи мураттаб» дар рисолаи «Мақосид-ул-алҳон»-и Абдулқодири Мароғаӣ(охири асри XIV ва аввали асри XV)», Абдуллозода Эмомалӣ дар мавзуи «Аҳаммияти пайвастагии ҳунарӣ дар ҳифзи Фалак»,Убайдзода Бахтиёр дар мавзуи «Инъикоси Фалак дар полифонияи Фирӯз Баҳор», Раҳмонова Гулбону дар мавзуи «Фалак дар тафаккури симфонии Абдуфаттоҳ Одинаев» ва дигарон маъруза намуданд.
Дар бахши дувум – Санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ низ маърузаҳои ҷолиби илмӣ бо фарогирии масъалаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Фалак баррасӣ шуданд. Аз ҷумла: Низомов Хуршед дар мавзуи «Фалак ҳамчун ҷузъи қавии фарҳанги миллӣ», Тағойзода Шаҳноза дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди Фалак», Аминзода Абдулфаттоҳ дар мавзуи «Фалак – аз пайдоиш то сабт ба ЮНЕСКО», Қурбони Қурбониён дар мавзуи «Думбра ва нақши он дар системаи лаҳнии Фалак», Мажнунов Абдуламин дар мавзуи «Фалак дар назми гуфтории мардуми Бадахшон», Исмоилов Абдурасул дар мавзуи «Усул ва амалиёти тарбияи овоз дар анъанаи устод-шогирд», Назриев Исмоил дар мавзуи «Хусусиятҳои фаъолияти эҷодиии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назрӣ», Иброҳимзода Хуршед дар мавзуи «Саҳми Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов дар Шашмақом», Шарофиддинзод Муслиҳиддин дар мавзуи «Фалак – падидаи барҷастаи фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик», Ҳайдаров Зоиршо дар мавзуи «Мусиқии Шашмақом ва рушди он дар шаҳри Исфара», Давлатов Қурбон дар мавзуи «Мавқеи мактаби сеторнавозии Мамадато Таваллоев дар рушди мусиқии суннатии тоҷик», Одиназода Солеҳ дар мавзуи «Нақши сози таблак дар мусиқии суннатии тоҷик» маъруза намуданд.
Дар поёни Симпозиум доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат бо сухани хотимавӣ баромад карда, Эъломияи Симпозиумро эълон намуданд, ки дар он ҷанбаҳои муҳимми илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии рушди Фалак, зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин эҷоди ҳамкориҳои нав барои табодули таҷриба байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа ба таври муфассал таъкид ёфт.
Ҳамин тавр, Симпозиум дар сатҳи баланди илмӣ, ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Иштироки 15 муассисаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқотӣ аз дохил ва хориҷ нишонгари рушди мавзуи Фалакшиносӣ ҳамчун як бахши мустақили илм ба шумор рафта, ҳузури меҳмонони хориҷӣ аз Озарбойҷон ва Туркманистону Узбекистон (онлайн) нақши муҳимми минтақавии Фалакро таъйид менамояд.