Ҳамкориҳои судманд

Posted Wed, 05/28/2025 - 22:12
By admin
СИПОСНОМА

Ҳамасола дар кишвари азизамон Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов низ ҳамчун мактаби олии мусиқӣ бахшида ба ин санаи муҳим як қадор чорабиниҳоро баргузор намуда бошад ҳам, дар ин баробар омӯзгорону донишҷӯёни мо бо барномаҳои ҳунарӣ дар чорабиниҳои гуногуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.

Бинобар ин, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барои ҳамкориҳои судманд, саҳмгузорӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо СИПОСНОМА сарфароз гардонида шуд.

Роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯёнро, ки дар баргузории ин чорабинии муҳим саҳм гузоштанд ва бо ин қадрдониҳои арзанда шарафёб гардиданд, муборакбод мегӯем.