Консерти синфии омӯзгорони кафедраи сарояндагии академӣ

Posted Thu, 05/15/2025 - 23:46
By admin

Имрӯз, 15-уми майи соли 2025 дар толори хурди Консерваторияи миллӣ консерти синфии омӯзгорони кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор Раҳмонов М.А., Усмонзода Ш.М. ва Зокиров Қ.Д. баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ 7 асар аз эҷодиёти бастакорону оҳангсозони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Ш. Сайфиддинов, Д. Дӯстмуҳаммадов, З. Шаҳидӣ, Дж. Джордани, А. Скарлатти, П.И. ва Чайковский аз ҷониби донишҷӯён иҷро шуд.