Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024

Соли 2024 ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерватория дар озмуни байналмилалӣ таҳти унвони “Садои Наврӯз” (“Навруз садолари”) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки ин дастовард боиси ифтихори кулли омӯзгорон ва муҳассилини муассиса буда, бори дигар собит месозад, ки ин даргоҳи илму ҳунар дар тарбияи мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ нақши муҳим дорад. Ин матлабро Достизода Миралӣ, ректори Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов зимни натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024 ба хабарнигорон баён дошт.

Дар нишаст, ки бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО доир гардид, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов изҳор дошт, ки баргузории консертҳои синфӣ яке аз самти асосии раванди таълим ба ҳисоб рафта, дар ин давра зиёда аз 35 нафар устодону омӯзгорон консертҳои синфии худро бо иштироки васеи тамошобинон баргузор намуданд.

Яке аз дастовардҳои дигар дар давраи ҳиособотӣ ин аст, ки 27-30 июни соли 2024 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Хуршед Иброҳимзода дар дувумин Фестивали байналмилалии санъати мақомхонӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳунари волои хеш сазовори ҷойи аввали ин фестивал гардид.
Аз 4 то 12 сентябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия VII Озмуни байналмилалии арғунуннавозон ба номи А. Ф. Гедике доир гардид, ки дар он магистри соли дуюми шуъбаи фортепианои тахассусӣ Фарида Нуруллоева ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Гуфта шуд, ки донишҷӯёни курси тайёрии Консерватория Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова аз 24-уми август то 4-уми сентябри соли 2024 дар 14-умин онлайн-озмуни байналмилалии мусиқии «CA Grazioso», ки дар Туркия баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардида, омӯзгорони онҳо низ, бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз 7-ум то 13-уми ноябри соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фестивали байналмиллалии фарҳангӣ таҳти унвони «Future Now – Central Asia» баргузор гашт, ки дар он се нафар муҳассилини Консерватория – магистри соли аввал Тошев Идибек, донишҷӯи соли чорум Ҳасанов Ҷовидон ва донишҷӯи соли дуюм Зоҳидова Гулҷамол иштирок намуда, санъати миллии моро муаррифӣ намуданд.
Илова бар ин, дар соли 2024 аз тарафи мутахассисон шакли дурусти равия ва ихтисосҳои Консерватория пурра мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати ворид намудани номгӯйи ихтисосҳои амалкунандаи муассиса дар таҳрири нав ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки бори аввал соли 2024 Консерваторияро се нафар докторантони (РhD) аз рӯйи ихтисоси мусиқишиносӣ хатм намуда, фаъолияти илмии омӯзгорон тавассути иштирок ва чопи маърӯзаҳо дар симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд, Зомин (Ӯзбекистон) – 5 нафар, Душанбе – 11 нафар, Челябинск (Русия) – 2 нафар, Боку (Озарбойҷон) – 2 нафар таъмин гардид. Дар маҷмуъ 60 нафар кормандони Консерватория дар чорабиниҳои дохилӣ ва сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.

Достизода Миралӣ, дар робита ба омодасозии кардҳои илмӣ-педагогӣ ҳамчунин афзуд, ки ҳуҷҷатҳои як қатор кормандони Консерватория, аз ҷумла Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов барои гирифтани унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Санъат”, Амирбек Мусозода ва Қурбоналӣ Ёқубов низ аз рӯйи ихтисоси “Санъат”, ба унвони профессорӣ аз тарафи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Ба итиллои Достизода Миралӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни Консерватория ҳамасола дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Номбурда таъкид дошт, ки соли 2024 низ аз 23 нафар иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмуни мазкур 14-нафар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд: 1-нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 3-нафар ҷои якум, 6-нафар ҷои дуюм ва 4-нафар ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки бо мақсади таъмини фаъолият ва рушди муассисаи таълимӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, таъминоти маводҳои конселярӣ ва хоҷагидорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов инчунин илова намуд, ки соли 2024 таъмиру аз навсозии зиёда аз 25 синфхона ва утоқҳои корӣ, бунёди студияи сабти овоз барои гузаронидани машғулиятҳои дарсии донишҷӯён, майдончаи варзишӣ, толори фарҳангию фароғатӣ, хобгоҳи донишҷӯён, нуқтаи тиббӣ ва китобхона ба роҳ монда шуд.

Ёдовар мешаввем, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз рўйи низоми кредитӣ фаъолият намуда, донишҷӯён аз рӯйи 13 ихтисос дар зинаи бакалвриат ва 14 ихтисос дар зинаи магистратура бо фарогирии 378 нафар: аз ин шумора 344 нафар – бакалавр, 28 нафар – магистр, 4 нафар – доктор PhD ва 46 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.