Консерт аз эҷодиёти донишҷӯён-композиторони ҷавон таҳти унвони “Васфи Пешво”
Дар доираи баргузории консертҳои эҷодӣ ва синфии устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, санаи 12.02.2026 дар Толори калони Консерваторияи миллӣ консерти синфии донишҷӯён-композиторони ҷавони кафедраи композитсия ва созбандӣ зери роҳбарии омӯзгори калон Бахтиёр Убайдзода дар доираи маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” таҳти унвони “Васфи Пешво” баргузор гардид. Дар он композиторони ҷавон бо мақсади муаррифии чеҳраҳои нав дар фазои мусиқии касбии тоҷик суруду оҳангҳои эҷоднамудаашонро манзури тамошобинон гардониданд.
Дар оғоз Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, зери роҳбарии сардирижёри оркестр Лутфуллои Раҳматулло бо ҳамовозии ҳозирини маҳфили мазкур садо дод.
Муовини вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат зимни суханронӣ аз баргузории чунин чорабиниҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин аз хизматҳои таърихӣ ва хастанопазири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуда, аз ҳозирин, махсусан ҷавонон даъват ба амал овард, то дар ҳама ҳолат дар роҳи садоқат ба Пешвои миллат илму дониш омӯзанду кору фаъолият баранд ва аз чунин Пешвои муаззам, Ватану ватандорӣ ва забону фарҳанги миллати худ ифтихор кунанд. Мавсуф чанд қитъа шеър дар васфи Пешвои миллат ва хизматҳои шоёни ӯ, Ватану миллат ва фарҳанг қироат намуд ва китоби тозанашри худро зери унвони “Достони Роғун” ба маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” тақдим намуд.
Консерт бо муҳтавои 13 барнома хеле ҷолибу зебою дилнишин ва хотирмон баргузор шуд ва мавриди истиқболи гарму ҷӯшони тамошобинони зиёд қарор гирифт

