Маҷлиси тантанавӣ ва консерт бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Саннаи 23.06.2023 дар Консерватория маҷлиси тантанавӣ ва консерт бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар суханронии муовини ректор оид ба илм профессор Латифзода Д.Н. оид ба аҳамияти сиёсии ҷашни умумимиллӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳанги тоҷик зикр гардид. Нотиқ қайд кард, ки ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки давлати тоҷикон аз вартаи нестшавӣ раҳо ёбад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони истиқлоли кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик нақши басо бузургро иҷро кард. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон ба ҳам тавъаманд ва аз ҷиҳати аҳаммияташон барои рушди давлати миллӣ дар як поя қарор доранд.
Пас аз суханронии муовини ректор оид ба илм профессор Латифзода Д.Н. қисмати дуввуми чорабинии мазкур оғоз гардид.
Барномаи консертии таҳиянамудаи омӯзгорон ва донишҷӯён аз 7 номераи консертӣ иборат буда, сурудҳои васфкунандаи ватандӯстиву меҳанпарастӣ иҷро гардиданд.