Ёдбуди хотираи Талабхӯҷа Сатторов
Шодравон Талабхӯҷа Сатторов, оҳангсози маъруфи Тоҷикистон ва нахустин ректори Консерваторияи миллӣ 12-уми октябри соли 1953 ба дунё омада ва санаи 10-уми апрели соли 2007 аз олам гузаштааст. Санаи даргузашти устоди санъати оҳангсозии тоҷик ҳамасола дар Консерваторияи миллӣ гиромӣ дошта мешавад.
Имрӯз як теъдод аз устодони Консерваторияи миллӣ дар рӯзи даргузашти ин абармарди санъати мусиқии тоҷик аз оромгоҳи Талабхӯҷа Сатторов дидан намуда, хотири мубораки эшонро бо дуои хайр шод гардониданд.
