Дуруд ба иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Posted Thu, 15/10/2026 - 17:21
By admin
Тоҷикистон - Ватани азизи ман

Аз 15 то 19 октябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи «Навозандагӣ» баргузор мегардад.

Дар доираи озмун иштирокчиён маҳорати ҳунарии худро дар жанрҳои анъанавӣ, эстрадӣ ва академӣ муаррифӣ намуда, барои нишон додани истеъдод, маҳорати касбӣ ва дастовардҳои эҷодии худ имконият пайдо мекунанд.

Озмуни мазкур дар кашфу дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди санъати мусиқӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамаи иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмунро самимона хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар роҳи ҳунару эҷод барору комёбӣ, илҳоми тоза ва дастовардҳои назаррас орзу менамояд.