Навои истиқлол дар иҷрои ҷавонони соҳибистеъдод

Posted Fri, 15/05/2026 - 09:44
By admin
толори калони Консерватория

Бахшида ба ҷашни бузург – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 14-уми майи соли 2026, соати 17:00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони «Эҳёи садо» консерти бошукӯҳи донишҷӯи курси дуюми ихтисоси фортепиано Самира Амиршоева баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ ба яке аз рӯйдодҳои хотирмони ҳаёти ҳунарии Консерваторияи миллӣ табдил ёфта, маҳсули сиёсати фарҳангпарваронаи даврони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди санъати касбӣ ба шумор меравад.

Дар барномаи консертӣ роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, композиторону ҳунармандони шинохта, устодону донишҷӯён ва алоқамандони мусиқии касбӣ иштирок намуда, ба сатҳи баланди баргузории консерт ва маҳорати иҷрокунандагии ҳунармандони ҷавон баҳои баланд доданд. Ҳузури доираи васеи намояндагони аҳли фарҳанг ва дӯстдорони санъат ба барномаи консертӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба рушди мусиқии касбӣ ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон дарак медиҳад.

Барномаи консертӣ бо фарогирии намунаҳои беҳтарини мусиқии тоҷик, рус ва аврупоӣ хеле рангоранг ва ҷолиб таҳия гардида буд. Дар саҳна ҳунармандони ҷавон – Самира Амиршоева, Карина Қодирова, Таманно Баҳромова, Яздон Сангов ва Беҳрӯз Набиев бо маҳорати баланд ва эҳсоси волои ҳунарӣ асарҳои машҳури бастакорони маъруфро иҷро намуданд. Аз ҷумла, “Элегия”-и Арно Бабаджанян, “Хонаи мо”-и Зиёдулло Шаҳидӣ (шеъри М. Турсунзода), “Прелюдия №1”-и Сергей Рахманинов, “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Ҷасур Халилов, “Либертанго”-и Астор Пятсолла, “Игры в нарды”-и Толибхон Шаҳидӣ, “Ayriliq”-и Алӣ Салимӣ, “Ишқи ман”-и Фирӯз Баҳор ва “Сарахбор”-и Шарофиддин Сайфиддинов бо завқи баланд ва иҷрои касбӣ манзури аҳли толор гардиданд.

Ҳар як баромад аз сатҳи баланди омодагии эҷодӣ, ҷаҳонбинии мусиқӣ ва истеъдоди ҷавонони соҳибҳунар шаҳодат медод. Махсусан, ҳамоҳангии техникаи иҷро, дарки мусиқӣ ва муносибати ҷиддӣ ба асарҳои классикӣ нишон дод, ки насли ҷавони ҳунармандони тоҷик дар фазои озоду созандаи даврони Истиқлоли давлатӣ ба камол расида, имрӯз қодир аст санъати миллиро бо беҳтарин арзишҳои фарҳанги ҷаҳонӣ пайванд диҳад.

Тамошобинон иҷрои ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои гарму пурмавҷ истиқбол намуда, ба ҳунару маҳорати ҷавонон баҳои баланд доданд. Муҳити фарҳангии толор, сатҳи баланди ташкил ва мазмуну муҳтавои барнома шаҳодат аз он медод, ки чунин консертҳо дар тарбияи зеҳнӣ ва эстетикии ҷавонон нақши муассир доранд.

Консерти «Эҳёи садо» бори дигар собит сохт, ки ҷавонони парвардаи замони соҳибистиқлолӣ ворисони арзандаи фарҳангу ҳунари миллӣ буда, бо донишу истеъдод ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавонанд дар муаррифии санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоранд. Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ на танҳо фазои ҳунариро ғанӣ мегардонанд, балки эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллиро миёни ҷавонон таҳким мебахшанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Аҳмадзода З.Ш. ҳунармандони ҷавонро аз номи роҳбарияти Консерваторияи миллӣ барои баргузории барномаи пурмуҳтаво ва ҳунарнамоии сатҳи баланд самимона табрик намуд. Зимни суханронӣ ӯ таъкид кард, ки ҳамаи ин муваффақияту дастовардҳо самараи сиёсати фарҳангпарварона ва фазои сулҳу суботи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин, Аҳмадзода З.Ш. изҳор дошт, ки роҳбарияти Консерваторияи миллӣ минбаъд низ ҷиҳати тарбияи мутахассисони болаёқат, рушди мусиқии касбӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд. Ӯ ба иштирокчиёни барнома комёбиҳои нав, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои бештар дар роҳи хидмат ба санъати миллӣ орзу намуд.