Консерт-имтиҳони ихтисоси магистрантони шуъбаи композитсия ва созбандӣ
Имрӯз, 8-уми июни соли 2026, соати 11:00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, дар доираи аттестатсияи давлатии хатм, консерт-имтиҳони ихтисоси магистрантони шуъбаи композитсия ва созбандӣ баргузор шуд.
Дар ин имтиҳон хатмкунандагон Лутфуллои Раҳматулло (синфи и.в. дотсент Бахтиёр Убайдзода) ва Мадина Иброҳимзода (синфи омӯзгори калон Сангалӣ Ҳомидзода) малакаю маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Дар консерти мазкур Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дирижёр: Далер Тиллоев), Оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев (дирижёр: Лутфуллои Раҳматулло) ва Ансамбли эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (роҳбар: Ҷӯрабек Умаров) иштирок намуданд.
Комиссияи аттестатсияи давлатии хатм маҳорати магистрантонро баланд арзёбӣ намуда, онҳоро бо баҳои “аъло” сарфароз гардонид.
