Ҳимояи рисолаи номзадӣ

Posted Wed, 10/06/2026 - 12:47
By admin
Ҳимояи рисолаи номзадӣ

Санаи 11-уми июни соли 2026, соати 15:00 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-070 и назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 155) ҳимояи диссертатсияи устоди кафедраи сарояндагии анъанавӣ Каримзода Саъдулло Салим дар мавзуи «Хусусиятҳои жанрӣ дар анъанаҳои фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои санъатшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 6.4.3. Санъати мусиқӣ баргузор мешавад.

Ин нахустин рисолаи номзадӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки дар шурои муштараки диссертатсионии мазкур ҳимоя карда мешавад.

Ба устод Каримзода Саъдулло Салим дар ҳимояи рисолаи номзадиаш барор мехоҳем.