Таъмиру навсозии хобгоҳи донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Mon, 24/08/2026 - 22:43
By admin

Дар доираи тадбирҳои пайвастаи ободонию созандагӣ ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиду арзандаи зист барои донишҷӯён, бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» корҳои таъмиру навсозии хобгоҳи донишҷўён бо сифати баланд пурра ба анҷом расонида шуданд.

Дар рафти боздид аз корҳои анҷомдодашуда ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлат, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорат Айдаршозода Диловар ва мудири бахши танзими техникии Вазорат Раҳмон Тоҷиддин, инчунин роҳбарият ва масъулони сохторҳои дахлдори Консерваторияи миллӣ иштирок намуда, аз рафти корҳои таъмиру навсозӣ ва шароити фароҳамовардашуда барои донишҷӯён дидан намуданд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ роҳрав, ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дигар ҳуҷраҳои хобгоҳи донишҷўён аз фарш то шифт пурра ва ба таври капиталӣ таъмир гардида, муҳити зисти донишҷӯён ба талаботи муосир мутобиқ карда шуд. Ҳуҷраҳои донишҷӯён бо ҷевон, мизу курсӣ, катҳои дуқабата, рахти хоб ва қолинҳои нав муҷаҳҳаз гардиданд. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии маишӣ, ҳоҷатхонаҳои ошёна бо дастшӯяк ва унитазҳои нави санитарӣ таҷҳизонида шуданд.

Дар доираи навсозии инфрасохтор тамоми дарҳои ҳуҷраҳои донишҷӯён, тирезаҳо ва дарҳои долон низ пурра иваз карда шуданд.Корҳои ободонӣ танҳо бо таъмири дохилии ошёна маҳдуд нашуда, дар даромадгоҳи хобгоҳ низ корҳои сохтмонию таҷдидӣ анҷом дода шуданд. Зинапояҳои даромадгоҳ таъмир гардида, пештоқи бино бо истифода аз сафолҳои муосири ороишӣ ва сангфарш ба таври нав таҷҳизонида шуд. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти эҷодии донишҷӯён яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии муассиса ба ҳисоб рафта, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоию маишии хобгоҳҳо дар ин самт аҳаммияти муҳим дорад.

Таъмиру навсозии хобгоҳи донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз иқдомҳои созандагӣ ва ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагӣ барои донишҷӯён равона шудааст.

Ин иқдом дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ амалӣ шуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити иҷтимоию маишӣ, таҳсил ва фаъолияти эҷодии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ, анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар хобгоҳи донишҷўён яке аз натиҷаҳои амалии тадбирҳои ободонию созандагии Консерваторияи миллӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, дастгирии донишҷӯён ва таҳкими заминаи моддию техникии муассиса шаҳодат медиҳад.