Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Консерваторияи миллӣ
23 ноябри соли 2026 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандории мардуми Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки эҳтиром ва гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аҳаммияти хосса дорад.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ суханронӣ намуда, устодону донишҷӯёнро ба муносибати ин санаи муҳими миллӣ табрик гуфтанд. Зимни суханрониҳо нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон таъкид гардид.
Дар ҳошияи чорабинӣ ба омӯзгорону донишҷӯён дипломҳои доктори PhD ва шаҳодатномаҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуда, ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос низ шаҳодатномаҳо тақдим гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини мусиқӣ дар иҷрои омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ идома ёфт. Дар он намунаҳои беҳтарини мусиқии миллӣ, асарҳои оҳангсозони тоҷик ва сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Аз ҷумла, ансамбли созҳои халқӣ таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи дотсент Абдураҳмон Маҳмадов, Нусратшоев Нуриддин, Шавкатҷонзода Омина, ансамбли бахши фалак таҳти роҳбарии омӯзгори калон Сабзалӣ Саидалиев, Мамадтаврoв Чобир, Раҳимова Мадина, Камилова Сабрина, Самирҷони Орзу ва Шарифзода Каёнуш бо иҷрои асарҳои мусиқӣ ва сурудҳои ватандӯстона ҳунари худро намоиш доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ хори умумии Консерваторияи миллӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Давлатзода Бахтовар суруди «Биёед, биёед»-ро бо маҳорати баланд иҷро намуда, ба барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшиданд.
Чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ мусоидат намуд.
