Cеминари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Posted Thu, 10/02/2025 - 16:13
By admin
Cеминари ҷумҳурияви

Бо мақсади таҳкими пояҳои фарҳанги мусиқии суннатӣ ва арҷгузорӣ ба мактаби нодири «устод-шогирд», имрӯз, дар доираи «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд», дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2024-2028» ва фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Nº115, аз 19.09.2025), дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Вазъи мактабҳои авлодии мақомхонӣ ва фалакхонӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳборияти муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни Консерватория, инчунин донишмандон, устодони санъат, муҳаққиқон ва намояндагони мактабҳои авлодӣ баргузор гардид.

Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Дар бахши илмии семинар масъалаҳои мубрами марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои мактабҳои авлодии мақомхонӣ ва фалакхонӣ ва нақши онҳо дар ташаккули ин навъи санъати миллӣ, мушкилоти роҳандозии он дар шароити муосир, таҳлил ва баррасӣ гардиданд.

Дар кори семинар, нахуст суханрони муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат шунида шуд.

Сипас, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллӣ, мусиқишинос Каримзода Саъдулло дар мавзуи «Мактабҳои авлодии фалакхонӣ: моҳият, фаъолият ва рушди он дар фарҳанги Тоҷикистони муосир» ва мудири кафедраи сарояндаги анъанавии Консерваторияи миллӣ Ҳайдаров Зоҳиршо дар мавзуи «Мактаби авлодии мақомхонии устод Ҷӯрабек Набиев» маъруза намуданд.

Дар бахши музокира намояндагони мактаби авлодии устод Давлатманд Хол - Нурулло Холов, устод Султонназари Саидназар - Соҳиба Давлатшоева ва доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат суханронӣ намуданд.

Семинари мазкур на танҳо барои баҳогузории вазъи кунунӣ, балки барои муайян кардани роҳҳои минбаъда ва таҳияи чораҳои амалӣ барои ҳимояту инкишофи мактабҳои авлодӣ аҳаммияти калон дошт. Ҳимоя ва тақвияти системаи "устод-шогирд", ҷалби ҷавонон ба ин санъати воло ва таъмини шароити мусоид барои фаъолияти мактабҳо аз масъалаҳои муҳимме буданд, ки дар семинар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маърузаҳои илмӣ бо таҳқиқоти ҷолиб ва хулосаҳои муфид, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Каримзода Саъдулло ва мудири кафедраи сарояндагии анъанавӣ Ҳайдаров Зоҳиршо пешниҳод гардиданд. Маърузакунандаҳо бо мисолҳои таърихӣ ва таҷрибаи ноби иҷрокунандагӣ нишон доданд, ки мероси авлодии мусиқии суннатӣ то имрӯз дар симои устодони ҳақиқӣ зиндаву пӯё боқӣ мондааст.

Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалии имрӯза қадами муҳим дар роҳи ҳифз ва тараққии меросҳои маънавии миллат мебошад. Дар давраи пешрафти технологӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа ба мактабҳои авлодии мақомхонӣ ва фалакхонӣ умедворкунанда буда, кафолати интиқоли ин хазинаҳои пурарзиш ба наслҳои оянда аст. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов боз ҳам як бор нақши пешқадами худро дар ҳифзи меросҳои фарҳангӣ ва омодасозии кадрҳои касбӣ нишон дод.

Баъди анҷоми бахши илмӣ, соати 15:00, дар толори калони консертии Консерватория, барномаи махсуси консертӣ бо иштироки намояндагони мактабҳои авлодии мақомхонӣ ва фалакхонӣ доир мегардад. Дар ин барнома мутрибон, сарояндагон ва устодони барҷастаи мактабҳои шинохта, суннатҳои нодири мусиқии миллиро ба саҳна меоранд.