Ҷамъбасти «Ҳафтаи илм» дар Консерваторияи Миллии Тоҷикистон
Имрӯз 29-уми апрели соли 2025 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахши якуми конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва рушдимусиқии касбӣ: масъалаҳои назарӣ ва амалӣ» дар доираи ҳафтаи илм баргузор гардид. Конференсияро ректори Консерватория, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бо сухани ифтитоҳӣ ва маъруза дар мавзуи «Созҳои мусиқии тоҷик дар низоми созшиносии умумӣ: масъалаҳои назарӣ ва амалӣ» ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Ф.А. дар мавзуи «Доираи жанрии шоҳномахонӣ дар мусиқии тоҷик» ва доктори илмҳои санъатшиносӣ, и.в. профессор Низомов Аслиддин дар мавзуи «Моҳияти илмомӯзӣ дар марҳилаи таҳсилоти олӣ» баромад карданд.
Баъди суханҳои ифтитоҳӣ бахши якуми конференсия бо маърузаҳо оғоз гардид. Дар ин бахш омӯзгорон, унвонҷӯён ва докторантони Консерваторияи миллии Тоҷикистон – Орипова У.Н., Абдуллозода Э.А., Убайдзода Б.А., Ахмедов З.Ш., Каримзода С.С., Исмоилов А.Ҷ, Бурҳонов М.Р, Мизробова Н.Н. ва Ҳайдаров З.Ш. маърӯзаҳои худро дар мавзуъҳои гуногун пешкаши аҳли нишаст намуданд.
Дар бахши дуюми конференсия маърузаҳои магистрон ва донишҷӯёни зерин; Қосимова Ф.Ш., Салихова Д.В., Раҳмонова Г.А., Убайдуллоева Д., Асророва С., Муҳиддинова Д. ва Ҳамроева Т мавриди муҳокима қарор гирифт. Маврид ба зикр аст, ки дар дораи Ҳафтаи илм тамоми кафедраҳои тахассусӣ ва умумӣ фаъолона иштирок намуданд, ки ин ҳама аз зиёд шудани сафи олимони ҷавон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.