Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон суннати силсилахонӣ зимни мактаби устод-шогирд эҳё гардид

Posted Wed, 10/11/2023 - 17:03
By admin
manuchehr-burhonov

Соли панҷум аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гузаронида мешавад. Нафароне, ки дар жанри фалак  баромад менамоянд, ҳам шумораашон зиёд аст ва ҳам садои фораму дилнишин доранд, ки аз фаҳмишу дарки воло ва шавқу рағбати беандозаашон нисбат ба ин жанри қадимаи мусиқии  тоҷик дарак медиҳад. Ин нуктаро декани факултети мусиқии суннатии тоҷикии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Манучеҳр Бурҳонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба андешаи мавсуф,  Фалак чун осори шифоҳии касбии мусиқӣ дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав рушд ёфта, мавриди пажуҳиш қарор гирифт. Муҳим он аст, ки мақому мартабаи худро ҳамчун мусиқии суннатии касбӣ расман пайдо намуда, мавқеи хоссаро соҳиб гардид. Дар ин давра аз тарафи олимон, мусиқишиносон ва композиторони тоҷик якчанд корҳои илмиву эҷодӣ ба анҷом расонида шуданд.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилачорабиниҳои муҳими эҷодӣ, илмӣ-методӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои нотавӣ ва шомҳои фалакхонӣ  баргузор менамояд.

Консертҳои синфии устодону омӯзгорони факултети мусиқии суннатии тоҷик Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Исмоил Назриев, Саъдулло Каримзода, Муҳаррама Шарифзода, Манучеҳр Бурҳонов, Қодир Лутфишоев, Солеҳ Одиназода, Фаридуни Ҳотам, Муродалӣ Алиев, Фирӯз Файзуллоев, Сабзалӣ Сайдалиев ва Қурбон Давлатов бо номи “Шомҳои фалакхонӣ” ҳамасола баргузор мегарданд. Чунин иқдом дар устуворгардонии таълимоти фалак ва тарбияи фалакхонони даврони истиқлол саҳми арзанда мегузорад.

Суннати силсилахониву силсиласозӣ аз рӯйи услуби мактаби устод-шогирд, ки яке аз шохаҳои устувори фалак маҳсуб аст, бо талқини гуногун устувор мегардад. Ҳар омӯзгор уҳдадор аст, ки дар заминаи фалакҳои овозиву созӣ бо истифодаи навъҳои шеърӣ ва зарбҳои гуногун эҷоди силсилаи фалакро ба роҳ монда, онро ба низоми таълим пешниҳод намояд. Дар ин давра омӯзгорони факултети мусиқии суннатии тоҷик тавонистанд хелҳои зиёди силсилаҳоро эҷод намуда, онро манзури тамошобинон гардонанд. Албатта, ин ба тафаккури баланди эҷодии ҳар омӯзгор вобаста аст, чунки ҳар як омӯзгор вобаста ба маҳорат ва дарки фаҳмиши мусиқии худ дар асоси намудҳои фалак силсила эҷод намуда, пешкаши ҳаводорон ва мухлисони ин санъати волои миллати тоҷик мегардонад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи силсилаҳои фалак дар асоси фалакҳои якқисма эҷод шудаанд.

Соли  2017 бо дастгирии собиқ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ як гурӯҳ омӯзгорони факултети мусиқии суннатии тоҷик Саъдулло Каримзода, Манучеҳр Бурҳонов, Қодир Лутфишоев ва Муродалӣ Алиев ба экспедитсияи мусиқӣ-этнографӣ ба минтақаҳои Кӯлобу Бадахшон (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ванҷ, Дарвоз) барои дарёфти намунаҳои олии мусиқии суннатии фалак равон шуда буданд.

Соли 2020 китоби «Фалак»-и дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Саъдулло Каримзода рӯи чоп омад, ки дар он ҳамаи намудҳои фалаки якқисма ва силсилавӣ (созиву овозӣ) дарҷ гаштаанд. Инчунин итн китоб ба ҳамаи мактабҳои махсуси мусиқӣ ва коллеҷҳо дастрас гардид.

Умед аст, ки минбаъд дар муассисаҳои мусиқӣ суннати силсилахонӣ ҷорӣ гашта, сатҳ ва сифати таълим боз ҳам рушд намояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»