Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Wed, 05/03/2023 - 12:04
By admin
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Рӯзҳои 1-2 майи соли 2023 бахшида ба 20-солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва 70-солагии композитори маъруф, ректори аввалини консерватория Талабхӯҷа Сатторов конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истиқлол ва рушди санъати мусиқии тоҷик: воқеият ва дурнамои Консерватория» баргузор гардид.

Конференсия дар се бахш:

1. Таърих ва назарияи мусиқӣ;

2. Ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ ва забонҳо;

3. Санъати мусиқӣ ва режиссура доир гардида, зиёда аз 30 нафар олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён, докторантон ва магистрони консерватория  бо мақолаҳои илмӣ ва маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ инчунин меҳмонон аз коллеҷҳои санъати ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов, Мактаб интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ, Мактаб интернати санъати ба номи М. Атоев, профессори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  Б. Ғафуров ва дигар мутаххасисони соҳаи санъати мусиқии касбӣ иштирок доштанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар тӯли 20 соли фаъолияти пурсамар Консерватория ба дастовардҳои бузурги илмиву эҷодӣ ноил гардидааст.

Теги