Консерти мусиқии камеравӣ бахшида ба 95-солагии Шарофиддин Сайфиддинов

Posted Sat, 03/01/2025 - 21:24
By admin

Дирӯз, 28-уми феврали соли 2025 дар толори калони Консерваторяи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 95-солагии композитори маъруфи тоҷик, устоди зиндаёд Шарофиддин Сайфиддинов консерти мусиқии камеравӣ барпо гардид. Консерт бо иштироки меҳмонон аз Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, намояндагони сафоратҳо, омӯзгорону донишҷӯёни Консерватория, фарзанду набераҳои устоди зиндаёд ва алоқамандони мусиқии касбӣ баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо пайвандони устоди зиндаёд Шарофиддин Сайфиддинов идомадиҳандаи касби эшон мебошанд.

Консертро и.в. мудири кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор Содиқ Нуруллоев оғоз намуда, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва ҷойгоҳи ин композитори маъруф маълумот доданд. Дар суханронии С. Нуруллоев таъкид гардид, ки Шарофиддин Сайфиддинов шахсияти ба маънои томаш бузургу нотакрор аст, ки дар ташаккули мусиқии композиторӣ ва рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбии тоҷик ҷойгоҳ ва нуфузи махсусро касб кардааст. Дар барномаи консертӣ суруду оҳангҳо аз эҷодиёти Шарофиддин Сайфиддинов ҷой дода шуда буданд, ки аз тарафи устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ, хатмкардагони ин даргоҳи ҳунар – ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иҷро шуданд.

Дар поёни барномаи консертӣ муовини ректор оид ба таълим Саъдулло Каримзода суханронӣ намуда, меҳмонон, устодон ва пайвандони Шарофиддин Сайфиддиновро ба ин боргоҳи ҳунар хайра мақдам гуфтанд. Сипас, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Мусозода Амирбек аз ёддоштҳо ва хотираҳои устодони санъат дар бораи эҷодиёти бой ва рангини Шарофиддин Сайфиддинов сухан карданд. Баъдан, Камолиддин Сайфиддинзода – директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сухан кард ва ба роҳбарияти Консерватория, ҳунармандон, ташкилкунандагони барномаи консертӣ ва ба тамоми меҳмонону намояндагон аз сафоратхонаҳо изҳори сипос намуданд.