Маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исматулло Холиқов
Бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ ва тарғиби анъанаву суннатҳои неки тоҷикона нимаи дувуми имрӯз, 7-уми майи соли 2026 дар толори консертии Оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии «Чашмаи меҳр» баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, мухлисон ва алоқамандони мусиқӣ ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ таҳти шиори маънавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Маҳз фарҳанг ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медорад» ҷараён гирифта, дӯстдорони санъату мусиқии касбиро ба ҳам овард.
Ҷолибияти асосии барномаи консертӣ дар он ифода ёфт, ки дар саҳна шогирдони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллӣ Исматулло Холиқов ҳунарнамоӣ намуда, маҳсули мактаби эҷодӣ ва таҷрибаи ҳунарии устоди худро манзури иштирокдорон карданд. Иштироки сарояндагони ҷавон дар канори устодони соҳибтаҷриба нишон дод, ки пайванди наслҳо дар санъати тоҷик идома дошта, анъанаҳои неки ҳунарӣ ба таври шоиста ҳифз ва рушд меёбанд.
Дар оғози барнома сарояндагони ҷавон ва ҳунармандони шинохта бо ҳамовозии Оркестри эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов таҳти роҳбарии Ҷӯрабек Умаров сурудҳои рангину дилнишинро манзури ҳозирин намуданд.
Аз ҷумла, Исломиддин Раҷабов суруди «Модарам»-ро бар шеъри Ҳамдам Ҷӯра, Акрам Ашӯров таронаи «Гули ман»-ро бар шеъри халқӣ ва Раҳматулло Каримов суруди «Афсонаи ҷавонӣ»-ро бар шеъри Лоиқ Шералӣ иҷро карданд. Ҳамчунин, Фирдавси Абдулқосим бо иҷрои суруди «Магзар, ки дунё бигзарад» бар шеъри Назри Яздонӣ ба барнома ҳусни тоза бахшид.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» Афзалшо Сафарзода низ бо иҷрои сурудҳои «Қиссаи ишқ» бар шеъри Акбар Абдулло ва «Дидам санаме» бар шеъри халқӣ маҳорати баланди овозхонӣ ва ҳунарии худро пешкаши тамошобинон гардонд.
Қисмати дуюми маҳфил бо иштироки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллӣ Исматулло Холиқов ва ҳамовозии Оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Оркестрро дирижёр Бахтовар Давлатзода роҳбарӣ намуда, дар иҷрои асарҳои алоҳида хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии хормейстер, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева иштирок намуд.
Дар ин бахш сурудҳои «Наврӯзи Тоҷикистон» бар шеъри Зариф Ибод, «Модар маро бубахш» бар шеъри Комилҷон Шамшерзода, «Тоҷикона тоҷ» бар шеъри Низом Қосим ва «Меҳри беохир» бар шеъри Муҳаммад Ғоиб бо маҳорати баланд иҷро гардида, аз ҷониби ҳозирин гарму самимӣ истиқбол шуданд.
Қобили зикр аст, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исматулло Холиқов аз ҷониби Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод гардидааст. Ин иқдом бозгӯи саҳми арзандаи ҳунарманд дар рушди санъати эстрадӣ, тарбияи шогирдон ва муаррифии эстрадаи тоҷик дар арсаи ҳунар мебошад.
Барномаи консертии «Чашмаи меҳр» дар фазои фарҳангӣ баргузор шуда, бори дигар саҳми ҳунарпешагони тоҷикро дар таҳкими арзишҳои маънавӣ ва тарбияи завқи зебоипарастии ҷомеа бозгӯ намуд.
