Мизи мудаввар дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик
21 январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо ширкати устодони санъатшинос, профессорон Аслиддин Низомӣ, Фароғат Азизӣ, Қурбон Қурбониён, номзади илмҳои таърих Ҷонибек Асрориён вобаста ба такмили луғатнома, таҳия ва нашри китобҳои «Донишномаи Шашмақом ва Фалак» ва «Фарҳанги истилоҳоти мусиқии суннатии тоҷик» мизи мудаввар баргузор шуд.
Сармуҳаррири СИЭМТ - Ҳусайнӣ С. С. зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки назари устодони касбӣ ҳамеша барои такмили луғатномаи дилхоҳ донишномаи соҳавӣ муассир аст ва мо умедворем, ки кори таҳияи ин ду китоб бо ҷалби бештари санъатшиносони тоҷик дар фурсати муқарраршуда анҷом хоҳад ёфт.
Иштирокдорон нашри китобҳои мазкурро барои шинохту муаррифии арзишҳои фарҳанги мусиқии суннатии тоҷик ва рушди равияҳои муосири мусиқӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» барои солҳои 2024-2028» баргузор гашт ва ин амр метавонад дар оянда барои таҳияи «Донишнома мусиқии тоҷик» замина фароҳам биёрад.

