Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон

Posted Thu, 02/06/2025 - 12:59
By admin

Таҳти ин унвон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов санаи 6 феврали соли равон бо иштироки роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни ин ниҳод мизи мудаввар баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ, нахуст ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов профессор Достизода Миралӣ баромад намуда, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар назди ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.

«Дар воқеъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳо арзёбӣ гардида, он ҳамчун хуҷҷати рӯимизӣ ва роҳнамо барои ҳар як фарди бонангу номуси кишвар маҳсуб меёбад» - иброз дошт, Достизода Миралӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, баён доштанд: «Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст».

Иброз гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Таъкид гардид, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар таҳким ва ҳифзи арзишҳои миллии халқи тоҷик, махсусан, муаррифии санъати асили мусиқӣ ва омода намудани ҳунармандон нақши бориз дорад.

Дар ҷараёни чорабинӣ Сайфулло Сафаров, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ дар мавзӯи «Паём ва масъалаҳои рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар», Латифзода Диловар Назришо, профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ дар мавзӯи «Нақши Паём дар таҳким ва рушди фарҳанги миллӣ» ва Оятулло Қурбонов, омӯзгори калони кафедраи забонҳо дар мавзӯи «Фарҳанг – ҳастии миллат» маъруза намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ мулоҳизаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён аз намоиши китобҳо таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ» боздид намуданд.