Шашмақомсарои тоҷик дар Озмуни байналмилалии «Мақом» сазовори ҷойи аввал гардид

Posted Wed, 07/03/2024 - 13:16
By admin
Шашмақомсарои тоҷик

Шашмақомсарои тоҷик, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Хуршед Иброҳимзода дар Озмуни байналмилалии «Мақом» аз рӯйи номинаи «Иҷроиши якка» сазовори ҷойи аввал гардида,  бо диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардид.

Тавре дар Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додан, Озмуни байналмилалии «Мақом» дар Ҷумҳури Узбекистон доир гардида, дар он шашмақомсарои тоҷик Хуршед Иброҳимзода дар муддати 30 дақиқа аз рӯйи номинатсияи «Иҷроиши якка» панҷ сурудро иҷро намуда, ғолиби ҷойи аввал гардид.

Ба гуфти Хуршед Иброҳимзода, «ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон намуданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ифтихор менамоям, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ намудам».

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур ҳар иштирокчӣ як силсилаасар аз сурудаҳои шашмақом бояд иҷро мекард.

Хуршед Иброҳимзода сурудҳои навро бо номи силсилаи «савти ушшоқ», «фурӯғи савти ушшоқ», «ушшоқи Содирхон», «соқиномаи савти ушшоқ», «тавқинчаи савти ушшоқ» иҷро намуда, аз  ҷониби ҳакамони озмун баҳои баландро сазовор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилали «Мақом» аз 26 то 30 июн дар Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид.