Идомаи силсилаи "Шоми мақомхонӣ"

Posted Fri, 08/05/2026 - 14:59
By admin
шоми мақомхонӣ

Санаи 8-уми май ба идомаи силсилаконсерти “Шоми мақомхонӣ” дар барномаи консертӣ таҳти унвони “Силсилаи мақоми Ироқ (бахши овозӣ) чандин силсилаи зебо ва дилангез, аз қабили Сарахбори Ироқ, бар ғазалиёти Ҳофиз, Саъдӣ, Васлӣ, Мунис, шеъри Камол; Ҳасрат, Талқини Чоргоҳи Муҳайяр, бар ғазалиёти Мавлавӣ, Ғиёс, шеъри Рӯдакӣ; Насри Чоргоҳ бар ғазалиёти Мавлавӣ, Бисмил, шеъри Рӯдакӣ, халқ, рубоиёти Хайём; Супориши аввал, бар ғазалиёти Ҷомӣ, Камол, Ҳофиз дар иҷрои устодон ва донишҷӯён Нодиров Асалбек, Абдуллоев Турсуналӣ, Саидниёзов Некрӯз, Содиқов Ҳасан, Туйдиев Қурбонбадал, Самандаров Солиҷон, Авезода Меҳргон, Комилов Некрӯз, Абдураҳмон Ҳумоюнмирзо, Саидов Нурмухаммад бо маҳорати баланд иҷро карда шуд ва мавриди пазироии гарму ҷӯшони тамошобинон қарор гирифт.