Консерти ҳисоботии хори омехтаи донишҷӯён дар КМТ ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Tue, 06/28/2022 - 14:12
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ҳисоботии хори омехтаи донишҷӯён баргузор гардид.

Ин консерти ҳисоботӣ аз 9 барномаи эҷодӣ иборат буд, ки дар он асару оҳангҳои тозанашри Миралӣ Достизода, Амирбек Мӯсозода ва Қудратулло Яҳёзода ба садо даромаданд.