Навои Қалбам

Posted Tue, 06/10/2025 - 20:15
By admin
Қудратулло Яҳёзода

Таҳти ин унвон китоби тозанашри композитори маъруфи тоҷик Қудратулло Яҳёзода ба табъ расид. Китоби мазкур бо қарори шурои илмӣ-методии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз 25-уми феврали соли 2025, №6 ба чоп тавсия шуда, мураттиб и.в. дотсенти кафедраи созҳои халқӣ Аброр Маҳмудӣ ва муҳаррири он дотсенти кафедраи мазкур Маҳмадқул Давлатов мебошанд. Китоби мазкур ба 35-солгаии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида шудааст.

Бояд қайд кард, ки Қудратулло Яҳёзода аз ҷумлаи композитороне мебошад, ки суруду оҳангҳояш миёни мардум хеле машҳуранд. Қудратулло Яҳёзода сурудҳояшро худ барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои халқӣ созбандӣ кардааст ва онҳо ҳамеша дар барномаҳои консертии оркестрҳои симфонӣ ва созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, коллеҷҳои санъат ва фарҳанг садо медиҳанд.

Ин маҷмуа барои ривоҷу равнақ ёфтани санъати мусиқии касбии тоҷик маводи хубе мебошад. Умедворем, ки китоби мазкур дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ғани гардонидани репертуари оркестрҳои созҳои халқӣ ҳамчун дастури таълимӣ хизмат хоҳад намуд.

Маводҳои ҳамсон