НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд

Posted Tue, 02/03/2026 - 15:17
By admin

Соли 2025 дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқӣ ва сарояндагӣ ташкил карда шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  Баҳодур Давлатзода иброз намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи барномаи таълимӣ даври  кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқӣ ва сарояндагӣ ба маҳлати се, шаш ва даҳ моҳи таҳсил тасдиқ карда шуд. Аз 1 ноябри соли 2025       20 нафар хоҳишмандони санъати мусиқии касбӣ дар гурӯҳи якум ба таълим фаро гирифта шуданд. Инчунин зиёда аз 10 довталаби дигар бо пешниҳоди ҳуҷҷат аз моҳи январи соли 2026 дар гурӯҳи дуюм ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар соли таҳсили 2025 аз ҷониби комиссия мониторинги сифати таҳсилот дар ихтисосҳои амалкунандаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузаронида шуд, ки дар маҷмуъ натиҷаи сифати таҳсил 69 фоизро ташкил дод.

Баҳодур Давлатзода иброз дошт, ки сифати таҳсилот аз ҷониби Комиссияи мониторингӣ зимни баррасии диктантҳои санҷишӣ аз фанҳои таълимии забонҳо, саволҳои тестӣ аз фанҳои ҷомеашиносӣ, саволҳои назариявӣ аз фанҳои таърих ва назарияи мусиқӣ муайян карда шуд. Натиҷаҳои мониторинги фанҳои таълимӣ дар Шурои илмӣ-методии мауссиса натиҷагирӣ гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА
АМИТ «Ховар»