Кафедраи Созҳои оркестрӣ

Дар кафедраи созҳои оркестрӣ имрӯзҳо 40 кормандон фаъолият дошта, аз онҳо 16 нафар омӯзгор (4 нафар асосӣ ,12 нафар ҳамкор) 4 нафар консертмейстер (1 нафар асосӣ ,3 нафар ҳамкор) ва 20 нафар иллюстратор (15 нафар асосӣ, 5 нафар ҳамкор) ташкил медиҳанд. Дар кафедра ду шуъба фаъолият дорад:  торӣ- камонӣ  ва  зарбӣ -нафасӣ.

Оркестри симфонии кафедраи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба ташаббуси собиқ ректор, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Ф.А.  соли 2014  ташкил карда шуд. Ҳоло дар оркестр 26 нафар донишҷӯ ва 6 нафар муаллим - иллюстратор фаъолият доранд. Аз онҳо 15 нафар иллюстратор аз ҳисоби донишҷӯёни кафедраи созҳои оркестрӣ, 2 нафар магистрантҳои кафедра,1 нафар омӯзгор-иллюстратор Шукурзода С.Қ. (фагот)  мебошанд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи созҳои оркестрӣ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии Консерватория ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд. Аксарияти донишҷӯёни кафедраи созҳои оркестрӣ кормандони Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошанд, ки ин ба фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.

Дар соли 2025 дар толори  калони Консерватория озмуни «Иҷрокунандаи беҳтарини сол» гузаронида шуд. Дар  номинатсияи созҳои камонӣ донишҷӯи курси тайёрӣ Акимичева Варвара (скрипка) сазовори ҷои  аввал, донишҷӯи курси 3 Чиллаев Наврӯз (скрипка-алт) ҷои дуюм ва донишҷӯи курси тайёрӣ Орипова Нилуфар (скрипка)  сазовори  ҷои сеюм гардиданд. Дар  номинатсияи созҳои нафасӣ донишҷӯи курси 3 Исматов Иззатулло (гобой) сазовори ҷои якум, донишҷӯи курси 2 Қурбонов Рустам(кларнет) ҷои дуюм ва донишҷӯи курси 1 Салимов Сироҷиддин (флейта) сазовори  ҷои сеюм гардиданд. Аз 28-уми март то 6-уми апрел озмуни байналмиллалии “Ключ к успеху”  дар созҳои нафасӣ-зарбӣ, дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар он озмун  Қурбонов Рустам донишҷӯи курси дуюм,синфи омӯзгор Раҷабов Далер сазовори ҷои ифтихории сеюм гардид.

Яке аз муваффақиятҳои муҳими кафедра дар соли 2025 ин озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”мебошад. Ҷоизасупории озмун 5-уми октябри 2025 дар толори театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ  гузаронида шуда, донишҷӯёни кафедра-Баротова Ситора (скрипка) курси 1 синфи омӯзгор Парманкулова Е.А. ва Исматов Иззатулло (гобой) курси 4 омӯзгор Дурмишев С.Х. сазовори ҷои 1-ум, Муминова Сумая (скрипка) курси 1 синфи омӯзгор Раҳмонова З.О.  ва Чиллаев Наврӯз (алт) курси 4 синфи омӯзгор Парманкулова Е.А сазовори  ҷои 3-юм гардиданд. Дар кафедраи созҳои оркестрӣ беҳтарин мутахассисони касбӣ кор ва фаъолият доранд.

Омӯзгори кафедра Раҷабов Далер китоби дарсии “Нури маҳтоб ” маҷмӯаи асарҳои лирикӣ барои кларнет бо ҳамовозии фортепианно аз  асарҳои бастакорони тоҷику ғарб барои донишҷӯёни консерватория  пешниҳод ба чоп омода намуд.

Мудири кафедра Додобаев Иброҳимҷон Солиҷонович

  • Солҳои 1987-1993 дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намудааст.
  • Аз моҳи январи соли 2021 ба ҳайси мудири кафедраи созҳои оркестрӣ фаъолият мекунад.
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011.

Маълумот барои тамос:
Тел: (+992) 988327799
Email: