Хушхабар!

Posted Tue, 02/24/2026 - 19:16
By admin
Устобоев Ф

Омӯзгори кафедраи фортепианои тахассусӣ, дотсент Олимзода Хосият Насрулло бо шогирди худ Устобоев Фирдавс - донишҷӯи курси якуми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар VI-умин Озмуни байналмилалии санъати фортепианонавозии “MAESTOSO”, ки аз 1-ум то 9-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баргузор шуд, тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур шогирди омӯзгор Олимзода Х.Н. Устобоев Ф. барандаи ҷойи дуюм гардида, бо дипломи Лауреати дараҷаи II сарфароз гардонида шуд. Дотсент Олимзода Х.Н. барои “маҳорати омӯзгорӣ, касбияти баланд ва саҳми бузург дар рушди фарҳанг ва санъат” бо Сипосномаи ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии мазкур қадр карда шуд.

Ғолибонро бо ин дастоварди бузург дар роҳи санъати асил табрик гуфта, ба дотсент Олимзода Х.Н. дар роҳи эҷодӣ ва тарбияи шогирдони ҷавону болаёқат барору комёбиҳо таманно дорем.