Консерти Шоми Мақомхонӣ

Posted Thu, 07/05/2026 - 15:10
By admin
Шоми Мақомхонӣ

“Шашмақом” – ин мусиқии суннатии миллати тоҷик ва муааррифгари санъати асили мардумии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ганҷинаи гаронбаҳои фарҳангӣ аз умқи қарнҳо гузашта, то базамони мо омада расидааст ва имрӯзҳо чун мероси муқаддасу мондагор гиромӣ дошта мешавад.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар муаррифии ин ганҷинаи бебаҳо саҳми назаррас дошта, барои рушду шукуфоии ин мероси ниёгон пайваста саъю талош меварзад.

Ба ифтихори 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Шашмақом” ба ибтикори факултети мусиқии суннатии тоҷик санаи 7-уми майи соли 2026 дар толори калони Консерваторияи миллӣ силсилаконсерти “Шоми мақомхонӣ (Мақоми Ироқ)” баргузор шуд, ки он рӯзи 8-уми май идома хоҳад ёфт.

Санаи 7-уми май дар барномаи консертӣ таҳти унвони “Силсилаи мушкилоти Ироқ (бахши созӣ) чандин навои зебо ва дилангез, аз қабили Таснифи Ироқ, Тарҷеъи Ироқ, Чамбар, Фарфар, Мухаммаси Ироқ, Сақили Ироқ. Нимсақил вва Сақили Калон дар иҷрои устодон ва донишҷӯён Орипов Солеҳ (ғиҷак), Ғоибзода Фаридун (ғиҷак), Бобоев Бахтиёр (конун), Ҷалилов Ҷавоҳир (рубоб), Мамадҷонов Комил (дойра), Гулямов Самандар (дутор), Мақсудов Элёрбек (уд), Раҳимов Муҳаммадсаид (конун) бо маҳорати баланд иҷро карда шуд ва мавриди пазироии гарму ҷӯшони тамошобинон қарор гирифт.