Консерти ҳунармандони Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский

Posted Thu, 07/05/2026 - 19:15
By admin
Максим Шабанов

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо як теъдод консерваторияҳои давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои неки фарҳангиро ба роҳ мондааст, ки дар ин замина миёни онҳо табодули пайвастаи таҷриба сурат мегирад. Яке аз беҳтарин роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба баргузории консертҳои муштарак мебошад.

7-уми майи соли 2026, соати 15:00 дар Толори калони Консерваторияи миллӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии башардӯстонаи “Восходящие звезды» (Ситораҳои тобон) консерти ҳунармандони Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский баргузор гардид. Дар он лауреатҳои озмунҳои умумироссиягӣ ва байналмилалӣ‒Максим Шабанов (баритон), Олга Лазуренко (фортепиано) ва Полина Перовская (сопрано) ҳунарнамоӣ карданд.

Барномаи консерт:

Дар консерт асарҳои зерин манзури тамошобинон гардонида шуданд:

  • П. И. Чайковский. «Думка» (Русская сельская сцена) ‒дар иҷроиОлга Лазуренко (фортепиано);

  • П. И. Чайковский. «Серенада Дон-Жуана», шеъри А. Толстой ‒дар иҷрои Максим Шабанов (баритон);

  • Н. А. Римский-Корсаков.Арияи «Царевна-Лебедь» аз операи «Сказка о царе Салтане» ‒дар иҷрои Полина Перовская (сопрано);

  • С. Прокофев. Марш аз операи «Любовь к трём апельсинам» ‒дар иҷроиОлга Лазуренко (фортепиано);

  • С. Прокофев.Арияи Болконский аз операи «Война и мир» ‒дар иҷрои Максим Шабанов (баритон);

  • С. Рахманинов. «Дар ин ҷохубаст» (Здесь хорошо), шеъри Г. Галина ‒дар иҷрои Полина Перовская (сопрано);

  • С. Рахманинов. Этюд-манзараҳо (Этюды-картины), Ор. 39 №6 «Куллоҳсурхак ва гурги хокистарранг» (“Красная шапочка и серый волк”)ва Ор. 39 №9 «Марши шарқӣ» ‒дар иҷрои Олга Лазуренко (фортепиано);

  • А. Алябев. «Булбул» (Соловей), шеъри А. Делвиг‒дар иҷрои Полина Перовская (сопрано);

  • П. И. Чайковский.Арияи Роберт аз операи «Иоланта» ‒дар иҷрои Максим Шабанов (баритон);

  • С. Екимов. (Казачья колыбельная) ‒дар иҷрои Полина Перовская (сопрано);

  • А. Бабджанян. «Элегия» ваА. Хачатурян. «Рақсбошамшерҳо» (Танец с саблями) аз балети «Гаянэ» ‒дар иҷрои Олга Лазуренко (фортепиано);

  • А. Новиков. «Эҳ, роҳҳо» (Эх, дороги), шеъри Л. Ошанин‒дар иҷрои Максим Шабанов (баритон);

  • И. Лученок. «Майский вальс», шеъри М. Ясен ‒дар иҷрои Полина Перовская (сопрано);

  • М. Блантер. «Катюша», шеъри М. Исаковский ‒дар иҷрои Полина Перовская ва Максим Шабанов;

  • И. Дунаевский. «Заздравная», шеъри В. Лебедев-Кумач ‒дар иҷрои Полина Перовская ва Максим Шабанов.

Консерт хеле бошукуҳ баргузор шуд ва мавриди пазироии гарму ҷӯшони тамошобинон қарор гирифт.

Баргузории чунин консертҳо баҳри ҳамбастагии мардуми кишварҳои гуногун ва табодули таҷриба миёни муассисаҳои олии фарҳангӣ мусоидат мекунад.